БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Валвулопластик чист?

Агар дар гузашта танҳо роҳи дармони нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳии кушод буд ва қалби бемор боз мешуд, имрӯз бо равиши замонавии валвулопластик ин нуқсро метавон осон бартараф кард.

Валвулопластик равиши дармони интервенсионӣ ё камзахми рагҳои дил аст, ки асосан барои боз кардани тангии даричаи митрол ё шушӣ, шоҳраг ва дармони баъзе аз нуқсҳои модарзодии дил равона шудааст.

Дар ин равиш бо истифода аз васоили махсус ва бо як тазриқи маъмулӣ ба дохили раг балонро ба мавзеъи танг ё нуқс ворид мекунанд.

Сипас,  зери назари дастгоҳи анжиографӣ  баллонро бод мекунанд, то замоне ки мавзеъи танг фарох ва нуқс рафъ шавад. Афзалияти ин усули табобат дар он аст, ки қафаси синаи бемор боз намегардад ва ба беҳушӣ ниёз надорад. Рафти амал бедард аст ва бемор аслан эҳсос намекунад. Пас аз анҷоми амал  бемор метавонад дубора ба зиндагӣ ва кори маъмулии худ баргардад.  Муҳлати бистарӣ як шабонарӯз аст.

Ин амали интервенсионӣ дар Бемористони Ибни Сино аз сӯи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба сурати фаровон анҷом дода мешавад. Шумо метавонед дар бораи то кадом андоза имкон доштани табобати нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил тариқи валвулопластик бо мутахассисони мо машварат кунед.

Иттилоъи бештарро дар бораи равишҳои дармони камзахми дил ин ҷо бихонед.

Агар нархи дармони камзахми дилро донистан мехоҳед, ба ин пайванд сар бизанед.

Маълумот дар бораи нархи пазироии мутахассисони қалбро аз ин ҷо дарёфт кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО

Холиқов Абдумурод ibnisino.tj

Тақвими рӯз

<< < Июн 809 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30