Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Маҳбуба Ҳафизова: Бемористони ибни Сино фарзандамро наҷот дод!

Маҳбуба Ҳафизова як тан сокини пойтахт, ки ба наздикӣ фарзанди хешро дар Бемористони ибни Сино муолиҷа намуд, ҳамин тавр миннатдории хешро ба аҳли кормандони беморхона баён намуд.

Тавре номбурда иброз намуд, фарзанди ӯ-Усмонҷон Ҳафизови 6-сола аз сабаби нуқсон доштани масонааш ба табобат ниёз пайдо кард. Аммо номбурда барои муолиҷа аввал Беморхонаи Қараболоро макон ихтиёр намуд. 

Пас аз муоина духтурон ба ӯ тавсияи фавран ҷарроҳӣ намудани фарзандашро додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин фарзанди 6-сола бояд 5 маротиба зери мизи ҷарроҳӣ хоб мекард. 11 майи соли 2011 номбурда дар корпуси 9-уми беморхонаи Қараболо ҷарроҳӣ шуда, баъд аз як шаб ҷарораташ баланд шудан гирифт, мегӯяд модари Усмонҷон. То саҳар ҳарорати баланд ӯро ором нагузошт. Чунин ҳарорати баланд (41-42) идома дошт. 14 июн маротибаи дуввум Усмонҷон ҷарроҳӣ мешавад, аммо ин навбат низ натиҷаи ҷарроҳӣ қонеъкунанда набуд. 

Ҳамин тавр баъд аз 5 маротиба ҷарроҳӣ намудани фарзандаш ( бо сарфи беш аз 12 ҳазор $)ва қонеъкунанда набудани натиҷаҳои он номбурда барои табобат ба Беморхонаи ибни Сино муроҷиат намуд. 

Дар зарфи як ҳафта баъд аз муолиҷаи мутахассисаони касбӣ ҳолати номбурда беҳ гардида, ҳоло ӯ комилан хешро солим ҳис мекунад ва дар ҳалқаи пайвандонаш аст

 

ФОТО

 

ВИДЕО