БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бори аввал дар Тоҷикистон амали ҷарроҳии дили Гленн дар Бемористони Ибни Сино анҷом шуд

  Ҷарроҳони эронӣ ва тоҷик бори аввал дар Тоҷикистон амали ҷарроҳии Гленнро дар Бемористони Ибни Синои Душанбе бомуваффақият анҷом доданд. Писарбаччаи даҳсолаи амалиётшуда пас аз ҷарроҳӣ  худро хуб эҳсос мекунад ва дар рӯзҳои наздик ба хона мураххас хоҳад шуд.

 Ҷарроҳи ин бемористон, номзади илми тибб Абдуқодир Ҷабборов гуфт: ҷарроҳии Гленн дар таҷрибаи пизишкии ҷаҳонӣ  барои кӯдакони гирифтори  нуқсони модарзодии дил – меъдачаи ягона анҷом мешавад. Азбаски дили ин кӯдакон дорои фақат як меъдача аст, ин амр  боиси ба ҳам омехтани  хуни бо  оксиген ғанӣ ва хуни карбондор мегардад ва организми бемор   бо хуни сифатан хуб таъмин намешавад.

Дар натиҷаи амали ҷарроҳӣ системаи хуни кӯдаки бемор ба ду давраи мустақили гардиши калони хун (системавӣ)  ва гардиши хурд (шушӣ) ҷудо карда мешавад.

Яъне вариди дарунхолии болоро аз даҳлези рост қатъ намуда ба шараёни шушӣ пайваст  (анастомоз) менамоянд, ки дар натиҷа хун бидуни ворид шудан ба даҳлези рост ва меъдачаи ягона ва самти шарёни шушии рост ва чап меравад ва организми кӯдак бо хуни хушсифат беҳтар таъмин мешавад.

Ин амал ба исми доктори амрикоӣ Гленн, ки бори аввал  ин амалро анҷом дода буд, номгузорӣ шудааст.

Ҷабборов афзуд, ҳамчунин амали ҷарроҳии ивази даричаҳои дил ҳамзамон бо шунтгузории мама-коронарӣ ва аорто-коронарӣ нахустин бор дар Тоҷикистон дар Бемористони Ибни Сино  анҷом шуд ва то имрӯз низ ин ҷарроҳиро фақат дар бемористони мо сурат мегирад.

Бемористони Ибни Сино дар моҳи сентябри соли 2009 ташкил шуда, дар он мутахассисони ватанӣ ва эронӣ дар самтҳои ҷарроҳӣ ва дармони бемориҳои дил, урологӣ, амрози занон, ҷарроҳиҳои тармимӣ ва зебоӣ ва ғайра фаъолият анҷом медиҳанд.

 

ФОТО

 

ВИДЕО