БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Имконияти муфид барои варзишгарону ҳунармандон

26-03-2013 Варзишгарони тоҷик акнун имкон доранд, ки аз хизматрасониҳои Бемористони Ибни Сино ба таври ройгон истифода баранд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки саломатии худро қаблан дар ширкати «Суғуртаи миллӣ» суғурта намоянд. Чанде қабл варзишгардухтари тоҷик оид ба намуди теквандо, хонандаи мактаби №72 Меҳрубону Зоироваро сарпарасти ӯ директори ширкати «Боғи Ҳисор-лимитед» Ҳоҷӣ Бурҳониддин дар ин ширкат суғурта намуд ва акнун дар мавриди ниёз пайдо намуданаш ӯ метавонад, дар дилхоҳ вақти худ аз хизтматрасонии ин бемористон истифода барад

. Ҳоҷӣ Бурҳониддин суғурта намудани саломатии варзишгаронро як амали ҳатмӣ ва талаботи замони муосир мешуморад, чун дар кишварҳои хориҷӣ на танҳо варзишгарон, балки ҳофизону ҳунармандон ва дигар қишри ҷомеа низ ба чунин амал рӯ меоранд. ҶДММ «Сугуртаи миллӣ» моҳи январи соли 2013 таъсис ёфта, дар муддати фаъолияти на чандон тӯлонии худ, мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрвандон қарор гирифтааст ва ягона ширкатест, ки фаъолияти худро танҳо суғуртаи тиббии ихтиёрӣ нигаронидааст. Рӯз аз рӯз шумораи шаҳрвандони ба ин ширкат муроҷиат менамуда, зиёдтар мегардад. Ёдрас менамоем, ки шаҳрвандон метавонанд, бо пардохти ҳаққи суғурта, ки мутобиқи Барномаи якум 500 (панҷсад) сомонѝ ва мутобиқи Барномаи дуюм 1000 сомониро ташкил медиҳад, дар давоми сол аз хизматрасониҳои тиббии Бемористони Ибни Сино ба андозаи то  5000 (панҷ ҳазор)  дар мавриди интихоби барномаи якум ва мутобиқи барномаи дуюм то 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ истифода баранд. Дар ин номгӯи хизматрасониҳо аз табобати стационарӣ (бо иловаи доруворӣ),  қабул ва муоинаи тиббии пизишкони ватаниву хориҷӣ, ташхиси озмоишгоҳ, дандонпизишкӣ, рентген, ташхиси ултрасадо, ЭКГ, гинекология ва яке аз равишҳои нави ташхис-ангиографияро ном бурдан мумкин аст. Бо истифода аз полиси суғуртавие, ки ҳар шаҳрванд, пас аз саломатии худро  суғурта намудан, соҳиб мешавад, муштариёни ин ширкат  имкон пайдо менамоянд, ки бидуни сарфаи вақт ва маблағ аз ин хизматрасониҳо ва мушовараи мутахассисони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ баҳравар гарданд. Хизматрасонии хубу замонавӣ ба Шумо  дар маъруфтарин бемористони кишвар - Бемористони Ибни Сино кафолат дода мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО