БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино-даргоҳи наҷот

   01-04-2013  Рӯзи 30-юми марти  соли равон сокини 54 солаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Мирзоҳаёт Худойназаров бо нишонаҳои бемории сактаи миокарди дил дар ҳолати вазнин аз шаҳри Хоруғ тавассути ҳавопаймо ба Бемористони Ибни Сино интиқол дода шуд. Бемор дар ҳолати вазнин қарор дошта, пас аз гузаронидани амали ташхису коронаграфия ҳамзамон ба бемор ангиопластикаи

ду шараёни иллатёфтаи коронарӣ бо истифода аз стентҳои доругӣ анҷом дода шуд. Новобаста аз ин  дар бемор иллатёбии як шараёни гурда ва як шараёни коротидии даруна ба мушоҳида расид. Ҳолати бемор айни ҳол хуб буда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ба ӯ бозкунии шараёнҳои боқимонда анҷом дода шавад.

ФОТО

 

ВИДЕО