БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб дар бахши минтақавии Хуҷанд аз ҷониби эндоурологи маъруфи эронӣ доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор

   03-04-2013  Эндоурологи маъруфи эронӣ доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор рӯзхои 31-уми март ва 1 –уми апрели соли равон дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шахри Хуҷанд ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул шуд. Тавре ба мо аз бахши минтақавии шаҳри Хуҷанд иттило доданд,

дар ин муддат шумораи зиёди бемороне ба мутахассиси эронӣ барои мушовара муроҷиат намудаанд . Аз ҷумла 20 нафари беморон, ки бо нишонаҳои бемории гурда ва роҳҳои пешоб муроҷиат намуданд, аз ҷониби мутахассиси эронӣ   қабул , муоина ва табобат карда шуданд. Дар ин зимн ба 6 нафари онҳо амали ҷарроҳӣ тавсия дода шуд, ки рӯзи 2 апрел аллакай як амали он дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе бо муваффақият анҷом ёфт.

ФОТО

 

ВИДЕО