БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Се ҷарроҳии нодир дар бахши урологӣ

  04-04-2013  Дар тӯли ҳафта дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино  амалҳои зиёди ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки аз он  3-аш аз ҷарроҳиҳои нодир маҳсуб мешаванд. Амали якум дар бемори 27 солае анҷом дода шуд, ки ҳарду гурдааш мубталои сангҳои марҷоншакли дараҷаи 3 ва  уфунатӣ буданд. Ин бемор қаблан дар  ҳолати бисёр хароб ва вазнин

ба бемористон муроҷиат намуда буд. Сарфи назар аз муроҷиати ӯ  ба дигар марказҳои тиббии кишвар  бо назардошти мушкил будани ин амал ва вазнинии ҳолати ӯ , ин беморро қабул накардаанд ва ин амалро ғайриимкон хондаанд. Пас аз муоинаи комил ба гурдаи рости бемор стент  ва ба гурдаи чапи ӯ нефростомия, яъне найчае гузошта шуд, ки ба воситаи он аз гурда чикрҳо холӣ шуданд. Зимни муроҷиати дигарбораи ӯ (ин навбат барои  ҷарроҳӣ) ҳолати бемор хеле беҳ гардида буд. Эндоурологи маъруфи эронӣ, доктор Сайид Хабибуллоҳ Мӯсавибаҳор мегӯяд, дар ҳолати қаблии ӯ анҷом додани амали ҷарроҳӣ дар ӯ имкон надошт. Чун ҳолаташ беҳ гардид, дар бемор амали PCNL анҷом дода шуд ва ҳамаи сангҳо аз гурда тоза карда шуданд.

Амали дуюм дар бемори 40-сола сурат гирифт, ки қаблан ҷарроҳии кушодаи гурдаи рост ва хамзамон гурдаи чап гардидааст. Айни замон дар ҳар ду гурдаи бемор сангҳои марҷоншакли ваҳшатнок ҷой доштанд. Ин бемор низ ба дигар марказҳои тиббӣ муроҷиат намудааст, аммо  бинобар сабаби калонҳаҷм будани сангҳо (ниг ба сурат) дар ягон маркази тиббӣ ӯро қабул накардаанд. Пас аз муроҷиат ба Бемористони Ибни Сино мутхассисони ватаниву хориҷӣ дар ду марҳила гурдаи рости беморро аз санг тоза намуданд. Баъд аз ду моҳ чунин амал дар гурдаи чап низ анҷом дода мешавад.

 

Амали сеюм дар як нафар сокини шаҳри Хуҷанд анҷом дода шуд, ки 2 сол пеш сактаи мағзӣ гардида, 2-3 моҳ дар ҳолати кома қарор дошт. Даст ва пои рости бемор фалаҷ гардида, бо мурури замон маҷрои пешоб низ баста мегардад. Дар яке аз бемористони маҳаллӣ ба маҷрои пешоби бемор найча гузоштаанд, то ки пешоб тавассути он берун шавад. ин бемор таи ду сол дар чунин ҳолат карор дошт. Бо дастури эндоурологи маъруфи эронӣ, доктор Сайид Хабибуллоҳ Мӯсавибаҳор, ки таи ду рӯз дар шаҳри Хуҷанд ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб машгул буд, ин бемор ба Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. пас аз муоина маълум гардид, ки маҷрои пешоби бемор дар ҳудуди 3 см пурра баста шудааст. Тавассути амали эндоскопӣ маҷрои пешоби ин бемор ба таври табиӣ кушода шуд ва бемор худро хуб ҳис мекунад.

 

ФОТО

 

ВИДЕО