БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Маҳмудризо Сарзаим: Имкониятҳои Бемористони Ибни Сино хеле зиёд аст

  08-04-2013 Ҷарроҳи дил, Маҳмудризо Сарзаим имкониятҳои Бемористони Ибни Синоро, ки яке аз муосиртарин марказҳои тиббии кишвар ба шумор меравад, хеле зиёд арзёбӣ мекунад. Айни ҳол дар шўъбаи кардиологияи Бемористони Ибни Сино бо ширкати мутахассиси варзидаи эронӣ, намудҳои гуногуни ҷарроҳии дил  анҷом дода мешавад, ки дар кишвари мо бори нахуст сурат мегирад

. Танҳо дар ҳафтаи охир бо ширкати ин мутахассиси варзидаи эронӣ дар шӯъбаи кардиологияи бемористон 6 ҷарроҳии дил гузаронида шуд, ки аз инҳо  4 амали шунтгузории аортокоронарӣ, як амали шунтгузории аортокоронарӣ ҳамзамон бо тармими даричаи митралӣ бо ҳалқа ва як амали ивази даричаи шоҳраг ва митралӣ бо протезҳои механикӣ мебошад. Тавре доктор Сарзаим иброз медорад, аз инҳо амали  шунтгузории аортокоронарӣ, ки ҳамзамон бо тармими даричаи митралӣ бо ҳалқасурат бигирад, танҳо дар Бемористони Ибни Сино амалӣ карда мешавад, ки ба ин таҷҳизоти замонавии дар бемористон муҳайё буда, мусоидат менамояд.

ФОТО

 

ВИДЕО