БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Сайид Хабибуллох Мӯсавибаҳор : амале нест, ки мо аз ӯҳдаи он набаромада бошем!

09-04-2013  Эндоурологи эронӣ, Сайид Хабибуллох Мӯсавибаҳор, аз соли 1999 фаъолияти хешро ҳамчун уролог-эндоуролог оғоз намудааст. Беш аз 5 ҳазор амали PCNL, 6 ҳазор амали TUL, 3 ҳазор амали TURp, ва садҳо ҷарроҳиҳои дигар аз тариқи маҷрои пешобро ба монанди гирифтани омосҳои масона, тангшавии маҷрои пешобрав, инчунин ҷарроҳиҳои кӯдаконаи аз 4 моҳа то калонсолони 80 соларо  анҷом додаст.

 

Таҷрибаи беш аз сад амали лапроскопӣ, барои гирифтани гурдаҳои пажмурда, ғадудҳои болои гурда ва дигар ҷарроҳиҳоро дорад.

Ҳамчунин ҷарроҳиҳои бози хурд, миёна ва калони кушодаро бомаҳорати баланд анҷом медиҳад. Танҳо дар ҳафтаи охир дар Бемористони Ибни Сино 20 амали ҷарроҳӣ бо ширкати ӯ анҷом гирифтааст, ки аз он 3 –тоаш ҷарроҳиҳои нодир маҳсуб меёбанд.

ФОТО

 

ВИДЕО