БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Иқдоми беназир

  13-04-2013 13-уми апрел ба муносибати рӯзи кормандони тиб аҳолии кишвар имкон доштанд, ки аз як қатор хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ройгон истифода баранд. Аз ҷумла таҳти шиори «Фарди солим – миллати солим” дар ин рӯз тамоми кормандони соҳаи тиб  ба ҷойҳои мухталиф сафарбар гардида, дар сартосари кишвар чорбиниҳои умуммиҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд..

 

Дар ин рӯз дар Бемористони Ибни Сино низ, ки яке аз муассисаҳои тиббии бонуфузи кишвар маҳсуб меёбад, як қатор хизматрасониҳо ба аҳолӣ ба таври ройгон пешкаш карда шуд, ки мушовараи духтури умумӣ, ташхис ва муоинаи тиббӣ, рентген, дастгоҳи сабти барқии дил, фишорсанҷ тарозу, қадченкунак ва ёрии аввалияи тиббӣ  аз ҳамин қабил ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳадафҳои асосии чорабинии мазкур дар он ифода мегардад, ки рўзи 13 апрели соли равон, шаҳрвандон имконият доранд ҷиҳати пешгирии бемориҳо ва беҳтар намудани вазъи саломатии худ аз хизматрасонии тиббии ройгон дар муассисаҳои тиббии ҳама сатҳҳо истифода намоянд. 

ФОТО

 

ВИДЕО