БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил аз 18 апрел дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад

Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил аз 18 апрел дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад. Доктор Сарзаим  мутахассиси варзидаи эронӣ  мебошад, ки фаъолияти худро аз соли 1996 ҳамчун ҷарроҳи умумӣ оғоз кардааст. Аз соли 2003 то ин ҷониб ҳамчун ҷарроҳии дил фаъолият менамояд.

Аз ҷониби ин мутахассис зиёда аз 3 500 амали ҷарроҳии дил бо муваффақият анҷом ёфтааст. Номбурда дар ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ дар дили коркардаистода (Of Pump), иваз ва тармими клапанҳои дил, ҷарроҳии рафъи нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳӣ дар шоҳрагҳо, шоҳраги қафаси сина ва шоҳраги шикам, инчунин дар шараёнҳои коротидӣ, ҷарроҳихо дар дил бо усули эндоскопӣ ва видеоассистентсия  ҳамто надорад. Маҳмудризо Сарзаим ҳамчунин амали бартараф кардани шоҳраг бо усули гузоштани стентро низ дар сатҳи баланд анҷом медихад. Эҳтиёҷмандон метавонанд барои қабули ин мутахассис худро каблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО