БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Доктор Сомӣ: Тими эҳёи қалби мо доимо омодаи қабули беморон аст

  16-04-2013 Бемори 58-солае  дар ҳолати вазнин бо дарди сина, варами шуш ва тангии нафас ба Бемористони Ибни Сино интиқол ёфт. Пас аз гузаронидани амали ташхису коронаграфия  дар ӯ аломатхои камхунии шадид, тангии шадиди ҳар се шараёни дил, тангии шараёни коротиди дохилӣ ва тангии шадиди шараёни гурда аз рост муайян карда шуд.Бо далели варами шуш, бемор бо омодагӣ барои гузоштани баллони дохили аортӣ мавриди ангипластикаи дил қарор гирифт ва ба бемор ангиопластикаи ду шараёни иллатёфтаи коронарӣ бо истифода аз стентҳои доругӣ анҷом дода шуд.

. Бемор хушбахтона аз варами шуш баромад ва пас аз табобатҳои зарурӣ ҳолаташ хуб шуд. Дар ҳоли ҳозир, бо нақшаи ояндаи ангипластикаи коротид бо гузоштани стенти бидуни баллон  бемор дар ҳолати хуб ба хонааш мураххас шуд.

Доктор Сомӣ  -Алдубонй Амирҳусейн,  кардиолог-интервенсионисти маъруфи эронӣ, ки дар бемористони Ибни Сино фаъолият дорад, мегӯяд, чунин шароите, ки имрӯз мо дар шӯъбаи ангиопластикаи Бемористони Ибни Синод орем, дар минтақа вуҷуд надорад.

ФОТО

 

ВИДЕО