БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Умеди дубора бар ҳаёт

 17-04-2013 16 –уми апрел ба Бемористони Ибни Сино духтари 17-сола Х.М.  бо шикоятҳои нафастангӣ ва тезхасташавӣ ҳангоми фаъолияти андаке зиёди ҷисмонӣ муроҷиат намуд. Пас аз ташхису муоинаи пизишкон, ки бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамон сурат гирифт, мушаххас гардид, ки  ин бемор мубталои нуқси модарзодии дил, тангии шараёни пулмонарӣ мебошад. Худи ҳамон рӯз ба бемор амалиёти валвулопластикаи баллонии шараёни пулмонарӣ (яъне

боз кардани тангии модарзодии равзанаи (клапани)  пулмонарӣ) бидуни теғ бомуваффақият анҷом дода шуд. Хушбахтони рӯзи дигар (пас аз як рӯз!) санаи 17-уми апрел бемор ба хонааш мураххас гардид.

            Қобили зикр аст, ки чунин амал, яъне валвулопластикаи баллонии шараёни пулмонарӣ бидуни теғ ё бе буридани андоми бемор танҳо дар шароити Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО