БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино мутахассисони эронӣ ба қабули беморони гурда ва дил шурӯъ намуданд

18-04-2013 Дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, уролог-Сайид Ҳусейн Шарифӣ ба фаъолият оғоз намуд. Беморони гурда ва роҳи пешоб метавонанд барои қабул худро дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз ҷарроҳи дил, доктор Маҳмудризо Сарзаим низ ба қабул ва муоинаи беморони дил шурӯъ кард. Ба роҳ мондани усулҳои навтарини хизматрасонӣ чӣ дар бахши урологӣ

ва чӣ дар бахши кардиологӣ боиси он гардидааст, ки таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ин бемористон рӯз то рӯз зиёдтар бигардад. Бо дарназардошти ин масъала маъмурияти бемористон низ мекӯшад, пизишкони соҳибтаҷрибаи эрониро ба кор ҷалб намояд. Ба ғайр аз қабул ва табобати беморону ниёзмандон ин мутахассисони эронӣ дар конфронс ва семинарҳои кориву машваратӣ, ки ба боло бурдани сатҳи тахассусии мутахассисони ватанӣ нигаронида шудааст,  ширкат мекунанд.

ФОТО

 

ВИДЕО