БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Камол Насрулло : «Табобатгоҳи аҳли дил дар ин ҷост!»

19-04-2013 Камол Насрулло-шоири халқии Тоҷикистон яке аз муштариёни ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» буда, тавассути полиси суғуртавӣ аз хизматрасониҳои тиббии Бемористони Ибни Сино ройгон истифода мебарад. Шоир аз ба роҳ мондани чунин хизматрасонии тиббӣ тавассути полиси суғуртавӣ хеле қаноатманд буда, андешаҳои худро дар ин бора чунин иброз дошт:

Табобатгоҳи аҳли дил дар ин ҷост,

Муроди синаро ҳосил дар ин ҷост.

 

Биё ин ҷо, ҳама дарёдилонро,

Гаҳи тӯфони дил соҳил дар ин ҷост.

                     *****

Нахуст аз аҳли дил пайғомҳо ҷуст,

Суроғи ҷумлаи соҳибдилон кард.

Дуруду ҳамди «Бемористони Сино»,

Ки моро боз аз нав дилҷавон кард!

ФОТО

 

ВИДЕО