БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Беморони санги гурдаро зарур аст, ки ҳар се моҳ аз назорати дастгоҳи ултрасадо гузаранд

22-04-2013 Таи 2 рӯзи охир дар бахши урологии Бемористони  Ибни Сино бо ширкати  урологи эронӣ-Сайид Ҳусейн Шарифӣ амалхои зиёди  ҷарроҳии беморони гурда ва роҳҳои пешоб анҷом дода шуд. Ба таври умум дар семохаи аввалаи соли 2013  танҳо ба бахши урологии бемористон зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора  90 нафарашон

ҷарроҳӣ шудаанд. Мубин Аминов-мудири бахши урологии бемористон мегӯяд : «Шумораи муроҷиат намудагон ба ин бахш рӯз то рӯз зиёдтар мегардад, агар аз як ҷиҳат ин ҳолат ба зиёд шудани    шумораи беморони гурда алоқаманд бошад,  аз ҷониби дигар маънои онро дорад, ки  эътимоди мардум ба Бемористони Ибни Сино афзун гардидааст».  Тавре аз ҷониби пизишкони ин бемористон тавсия дода мешавад, тӯли 5 сол беморони санги гурдаро аз сар гузаронида,  зарур аст, ки дар ҳар се моҳ пешобро ташхис намуда, аз назорати дастгоҳи ултрасадо гузаранд ва дар як шабонарӯз то 2-2,5 литр моеъ (об) бинӯшанд.

Беморе, ки зуд-зуд ба уролог муроҷиат намуда, тибқи тавсияҳои ӯ амал менамояд, ба дубора пайдошавии санг хеле кам дучор меояд. Бемор бояд донад, ки дар сурати пешгирӣ накардани беморӣ ва ба тавсияҳои уролог эътибор надодан, хавфи дубора пайдошавии санг дар зарфи 10 сол 50% ва  дар тӯли 20 сол бошад, 80% зиёд мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО