БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бори нахуст дар Тоҷикистон! Дар Бемористони Ибни Сино амале анчом дода шуд, ки дар дигар кишвархои ҷаҳон низ кам ба назар мерасад

  23-04-2013  Дар шӯъбаи ангиопластикаи Бемористони Ибни Сино шанбеи 20-апрели соли равон ба бемори 16 солае амали нодири ангиопластикӣ анҷом дода шуд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар олам низ кам ба назар мерасад. Тавре мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиолог-интервенсионист Алдубонӣ Амирҳусейн-доктор Сомӣ иброз медорад, ҳатто дар Эрон мумкин аст, ки танҳо 2-3 ҳолати чунин беморӣ вуҷуд дошта бошад.

 

Ин бемор, пас аз муроҷиат ва ташхиси ангиографӣ дар дигар марказҳои тиббии кишвар , ки ба ин кор муваффақ нашудаанд, ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат кард. Дар ин бемор баъд аз амали ангиография басташавии рагҳои хунбаргардонии ҷигар, ки  дар натиҷа бемор гирифтори норасоии кори ҷигар гардидааст, мушаххас карда шуд. Баъд аз норасоии кори ҷигар дар ковокии шиками бемор ҷамъ шудани об ба андозаи 12 литр ба мушоҳида расид. Ҳар ду рагхои ҷигар низ бастаи муайян доштанд. Дар натиҷаи як амалиёти мураккабе, ки ду соат давом кард, ҳамаи моеъи (об) ҷамъшуда аз бемор гирифта шуда, як раги хунбаргардонии ҷигар бо ҳудуди даҳ баллони мухталиф боз карда шуд. Ҳоли бемор пас аз ин амал беҳтар гардида, дар назар аст, ки дар мароҳили баъдӣ дар ӯ амали стентгузорӣ анҷом дода шавад.

ФОТО

 

ВИДЕО