БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино: «Боварии мардум ба мо бештар мегардад!»

  24-04-2013 Бо ширкати Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил дар Бемористони Ибни Сино 10 ҷарроҳии мураккаби дил анҷом дода шуд.  Аз ҷумла 4 амали ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ, як амали  эндартерэктомия аз шараёни хоби дохила аз рост, як амали коррексияи радикалии нуқсони модарзодии дил -Тетрада-фалло, дар як бемор ивази даричаи шоҳраг бо

протези механикӣ ва тармими даричаи митралӣ бо ҳалқа (Ring), як амали ивази даричаҳои шоҳраг ва митралӣ бо протезҳои механикӣ ва тармими трикуспидалӣ бо ҳалқа анҷом дода шуд.  Доктор Сарзаим  мутахассиси варзидаи эронӣ  мебошад, ки фаъолияти худро аз соли 1996 ҳамчун ҷарроҳи умумӣ оғоз карда, аз соли 2003 то ин ҷониб ҳамчун ҷарроҳи дил фаъолият менамояд.

Аз ҷониби ин мутахассис зиёда аз 3 500 амали ҷарроҳии дил бо муваффақият анҷом ёфтааст

ФОТО

 

ВИДЕО