БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Амали пиелопластика бо усули лапароскопия

  26-04-2013 Сайид Ҳусейн Ҳусейни Шарифӣ: эндоурологи эронӣ аз 18 апрел дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳи пешоб машғул буд. Ин мутахассис аслан аз усулҳои эндоскопӣ ва лапароскопӣ кор мегирад.

Ба амалҳои эндоскопӣ аслан ҳама амалҳои бидуни шикоф ё буридани андоми бемор ва ҳамчунин тарошидани простата дохил мешаванд. Ба амалҳои лапароскопӣ амалҳои ҷарроҳии ковокии шикам ва пушти шикапарда шомил буда, аммо ин намуди ҷарроҳиҳо низ бо як ду шикофи ҳаҷман хурд анҷом дода мешаванд, ки дар натиҷа бемор қобилияти меҳнатии худро нигоҳ медорад ва тавре доктор Шарифӣ мегӯяд, пас аз як ҳафтаи амали лапроскопӣ бемори ҷарроҳишуда метавонад ба дилхоҳ  намуди фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад.

Дар муддати 3-4 рӯзе, ки доктор Сайид Ҳусейн Ҳусейни Шарифӣ дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул шуд, зиёда аз 100 нафар ниёзмандон дар шаҳри Душанбе ва 30 нафар дар шахри Хуҷанд (дар рӯзҳои қабули ин мутахассис дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд)  барои мушовара ва муолиҷа ба ӯ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1 амали бартарафсозии тангии ҳолиб (laparoskopikpyeloplasty)  анчом дода шуд. Ин амал бартарафсозии тангии ҳолиб (laparoskopik pyeloplasty) ҷузви се амали мушкили урологӣ маҳсуб ёфта, дар Тоҷикистон бори аввал анҷом дода мешавад. То кунун дар Русия ва кулли кишварҳои пасошӯравӣ теъдодаш аз 10 беш нест.

Ин бемор  мубталои тангии модарзодии ҳолиб  буд, ки боис мешавад пешоб бо сахтӣ аз ҳолиб хориҷ бишавад. Дар бисёр ҳолат ин беморӣ ба васеъшавии гурда оварда мерасонад. Дар сурати саривақт муолиҷа накардан боиси уфунати гурда, санги гурда ва хунрезии гурда мегардад ва гурда заъиф мешавад.

Зимни амале, ки дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино таи як соат идома кард, тангии ҳолиб бидуни буридани андоми бемор тавассути ду сурохии ниҳоятан хурд бурида гирифта шуд ва ҳолиб аз нав дӯхта шуд. Тавре доктор Шарифӣ мегӯяд, барои анҷоми чунин амалҳо албатта шароити лозима тавре ки дар Бемористони Ибни Сино вуҷуд дорад, муҳайё карда шавад. Амали -laparoskopikpyeloplasty  ин ивазкунандаи ҷарроҳии кушодаи лапроскопӣ мебошад.

 

ФОТО

 

ВИДЕО