БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

«Барои он, ки соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёбад, қолабҳои мавҷударо шикастан лозим»

Се сол мешавад, ки Тоҷикистониҳо имконияти  дар сатҳи байналмилалӣ қабул кардани  муолиҷаи  тиббиро   пайдо кардаанд. Се  сол пеш дар Душанбе  Бемористони байналмилалии Ибни Сино  ба  кор даромад, ки  дар он  мутахассисони  варзида аз кишварҳои  Эрон, Олмон, Ҷопон, Русия ва Тоҷикистон  фаъолият мебаранд, то ин ки ба одамон саломатӣ эҳдо намоянд.

 

Имрӯз бо яке аз ин  мутахассисон, эндроурологи шинохтаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор, ки  таҷрибаи 13-солаи гузаронидани ҷарроҳиҳои урологӣ ва эндоурологӣ дорад,   мусоҳиба дорем.

-Доктор Мусавибаҳор, чӣ сабаб гардид, ки  шумо дар Тоҷикистон, дар  Бемористони Ибни Сино ба фаъолият оғоз намудед?

-Ҳамааш  аз он оғоз ёфт, ки рӯзе ба ман ҳамкурсам доктор Саломат занг зад, ки қариб 15 сол бо ӯ вохӯрӣ надоштем.Он кас кӯтоҳакак дар бораи  дар Тоҷикистон  ифтитоҳ ёфтани бемористони муштараки тоҷикӣ-эронӣ  нақл карда маро  барои иштирок дар ин тарҳи муштарак  даъват намуд. Ман ин пешниҳодро  қабул намудам, ҳол он, ки ҳамон вақт дар бораи Тоҷикистон  чизе намедонистам, ба ғайр аз оне, ки як вақтҳо ин кишвар дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд.

-Баъд аз  ташрифи Шумо ба ин кишвар, аввалин  таассуроти Шумо чӣ гуна буд?

-Моту мабҳут мондам! Пеш аз ҳама, хурсанд будам, ки бароям тарҷумон лозим нахоҳад шуд ва ман ин ҷо   бо забони модарии худ муошират менамоям,   маро мефаҳманд ва ман  ҳам  мақсади  шахсонеро, ки ба ман муроҷиат мекунанд, ба осонӣ хоҳам фаҳмид. Ба ман одамони ин кишвар, обу ҳаво ва   иқлими ин ҷо писанд омаданд. Вале дар баробари ин, вақте ки  бо вазъи    соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, аз наздик шинос шудам, мушавваш гардидам. Маълум гардид, ки  ин соҳа дар  мамлакати шумо ба солҳои зиёд аз тараққиёт қафо мондааст. Ба табибони ин ҷо аҳсан бояд мегуфт, чунки онҳо бо таҷҳизотҳои кӯҳнаи ҷарроҳӣ  сару кор доштанд, дар ҳолате, ки   дар ин замон  таҷҳизоти тиббӣ қариб, ки ҳар рӯз нав мешавад.   Бояд гуфт, ки сатҳи  соҳаи тибро  дар Тоҷикистон  бо  тибби Эрон, ки ба солҳои зиёд ҳатто аз баъзе кишварҳои аврупоӣ пеш рафтааст,   муқоиса кардан амри маҳол аст.

-Ба фикри Шумо, аз кадом ваҷҳ мо ин қадар ақиб мондаем ?

-Шояд сабабҳое бошанд, ки ман аз онҳо огаҳ нестам. Ҳаминашро бароям аниқ кардам. ки ин ҷо тарзи идоракунӣ ва муносибати дар соҳаи тиб нодуруст ба роҳ монда шудаанд.Тибби тоҷик дар байни ду давра   таъхирӣ  мондааст- яъне он дигар шуравӣ нест ва алҳол ба дараҷаи замонавӣ ҳам нарасидааст. Ин соҳаест, ки бояд пайваста  рушд ёбад, чунки   вазъи он ба сиҳатии миллат ва мардуми кишвар вобастагӣ дорад. Лекин бо харидани таҷҳизоти қиматбаҳо  ва доруворӣ  вазъият тағйир нахоҳад ёфт. Чанде пеш маро барои  сухангӯӣ дар як конфронси марбути масоили тиб  даъват карда буданд.Онҷо намояндагони қариб тамоми соҳаҳои тиб ақидаҳояшонро баён намуданд. Конфронс дар сатҳи баланд  гузашт, вале баҳри чӣ? Чаро мутахассисони зиёдро ҷамъ оварда якбора дар атрофи  чанд масоил суханронӣ бояд кард?  Муҳим аст, ки ин гуна  конфронсҳо барои рушди соҳа натиҷаи дилхоҳ диҳанд ва гузаронидани онҳо танҳо барои қайди чорабинӣ ҳоҷате надорад. Барои он ки конфронсу дигар чорабиниҳо  мақсаднок гузаронида шуда натиҷаҳои муфид диҳанд, қолабҳои шаклгирифтаро  шикастан лозим.

-Ба фикри Шумо, бемористони Ибни Сино ба ҳамаи талаботҳое, ки  як  муассисаи тиббии замонавӣ  дорост,ҷавобгӯй  мебошад?

-Бале. Дар ин ҷо тамоми шароитҳо барои  табобати муфид фароҳам оварда шудаанд. Муносибати хуб   ба маризон, хоҳиши ба онҳо ёрӣ расонидан  хеле зарур аст.Барои ҳар яки онҳо ҳамон қадар вақт лозим аст, ки  барои муайян кардани моҳияти масъала  кофӣ бошад.Ба онҳо муоинаи заруриро таъин кардан, ҳалли  муносиби масъаларо пешниҳод намудан  лозим. Дар бемористони мо  ҳамаи ин имкониятҳо мавҷуданд. Дар муддати се  соле, ки ман ба ин ҷо омада меравам,ҳар дафъа як таъғироте ба  сӯи  беҳбудӣ  ба назар мерасад.  Қолабҳоро мешикананд ва мефаҳманд, ки саломатии инсон аз ҳама чизи зарурист!

-Аз тарафи Шумо, ҳамчун мутахассиси эндоуролог чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

-Эндоурология - равияи махсусест дар тиб, ки ба туфайли он  муоина, ташхис ва табобати  системаи пешоббарорӣ бидуни чоккунӣ гузаронида мешавад. Эндоурология назар ба  усулҳои  оддии ҷароҳҳӣ  бартариҳои муайян дорад. Тавассути он , амалиёти    ҷарроҳӣ хеле амиқ гузаронида шуда, барои маризон низ безиён  мебошад.Ба ғайр аз ин, бемороне, ки бо тарзи эндоурологӣ табобат ёфтаанд, хеле тезтар барқарор шуда,  ба ҳаёти муқаррариашон бар мегарданд. Тавассути эндоурология  бо бемории санги пешобдон, варами гурдаҳо, суддабандии бофтаҳои узвҳои простата, варами  ғадудҳои  простата, бемориҳои  роҳи шошадон, нефроптоз ва ғ. пурсамар мубориза бурдан мумкин аст.

Дар давоми се соли  фаъолияти ман дар ин ҷо, мо зиёда аз 1000 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидем,  ки аз он 776 тоаш, яъне 80% -и  ҷарроҳиҳо бо тарзи эндоурологӣ гузаронида шудаанд. Ин танҳо ба туфайли дастгоҳҳои технологии замонавии тиббие, ки бемористон пурра бо онҳо муҷаҳҳаз шудааст, имконпазир гардид. Мо дар ин ҷо усули малоинвазивӣ (PCNL; PercutaneousNephrolithotomy) , яъне    тавассути  дастгоҳҳои махсус майда кардани сангҳоро ба роҳ мондем, ки   минбаъд дар муолиҷаи   бемориҳои санги пешобдон,  барои бароварданаи қисмҳои хурди сангҳо мусоидат мекунад. Ин усули нодир ҳатто барои майда кардани  сангҳои шаддамонанди гурдаҳо истифода шуда, барои бемороне, ки  барояшон наркоз  номатлуб аст, мусоид  мебошад.

 

Ба ғайр аз ин, бо назардошти он ки пайваста барои дар ин ҷо фаъолият кардан  имконият надорам, ман як гурӯҳи  эндоурологҳоро аз Эрон   ҷамъ овардам, ки дар набудани ман ин ҷо  ҷарроҳиҳо мегузаронанд. 

Ҳамчунин дар бемористон конфронс ва вохӯриҳои гуногун мегузаронем, ки барои шиносоии   духтурон бо навигариҳои соҳаи эндоурология равона мешаванд.  Ин хеле муҳим аст, чунки афзалияти калони ифтитоҳи бемористони Ибни Сино ва ҳар коре, ки ин ҷо сурат мегирад- ин омили пешравии   бемористонҳои дигари Тоҷикистон, омили  рушди тиб  мебошад. Алҳол онҳо низ табибони  хориҷиро барои гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун даъват менамоянд,  духтурони худро барои таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои гуногун мефиристанд. Акнун онҳо низ дастгоҳҳои нави замонавии тиббӣ дастрас менамоянд, чунки бе онҳо имруз соҳаи тибро тасаввур кардан номумкин аст.

-Ба мардуми Тоҷикистон  чӣ таманно доред?

-Пеш аз ҳама саломатӣ мехоҳам, чунки ин дар ҳақиқат, ганҷи бебаҳоест.Ба ғайр аз ин, мехоҳам, ки дӯстии халқҳои тоҷику эрон рӯз аз рӯз мустаҳкам гардад ва   барои ин ду халқ танҳо натиҷаву   эҳсосоти хуб ато намояд.

-Ташаккур, барои сӯҳбати самимӣ.

ФОТО

 

ВИДЕО