БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Табибони Бемористони Ибни Сино ройгон забони англисӣ меомӯзанд

  29-04-2013 Бо ташаббуси маъмурияти Бемористони Ибни Сино ҳамаи кормандони бемористон ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб карда шуданд. Ин амал барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони бемористон, аз ҷумла пизишкон роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳолате, ки дар Бемористони Ибни Сино зимни табобат аз навтарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ истифода бурда мешавад, донистани забони англисӣ кори мутахассисони ватаниро осон хохад кард.

 

Ёдрас бояд намуд, ки ин амал ройгон сурат гирифта, ҳамчунин ҳамасола аз ҷониби маъмурияти Бемористони Ибни Сино 4-5 нафар кормандони бемористон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва таҷрибаомузиву шиносоӣ бо методҳои навтарини табобат ба хориҷа фиристода мешаванд.

ФОТО

 

ВИДЕО