БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Иқдоми нави муштараки Бемористони Ибни Сино ва ширкати «Суғуртаи миллӣ»

 30-04-2013 Бемористони Ибни Сино дар якчоягӣ бо ширкати «Суғуртаи миллӣ» иқдоми нави муштаракеро роҳандозӣ намуданд, ки тибқи он акнун ҳар як шахс имкон дорад бо гузаштани муоинаи пурра ва комили тиббӣ бо арзиши ҳамагӣ 300 сомонӣ бо тахфифи зиёд полиси суғуртавӣ дастрас намояд ва дар муддати як сол аз хидматҳои тиббии Бемористони Ибни Сино ба таври ройгон истифода намояд

Муоинаи пурра ва комили тиббӣ имкон медиҳад, ки шумо  бемориатонро дар марҳалаи аввал ошкор намоед ва ё аз он пешгирӣ кунед. Ба муоинаи пурра ва комили тиббӣ чунин номгӯи хидматрасониҳо дохил мешаванд:

Мушовараи духтури умумӣ, ЭКГ, ЭХО КГ+тести варзиш (дар вақти зарурият бо тавсияи духтур), узӣ-ҷигар), узӣ -ғадуди зери меъда,  узӣ-сипурч, узӣ -гурдаҳо, узӣ -простата, узӣ -масона, узӣ- талхадон, рентгенографияи қисми кафаси сина, таҳлили умумии хун, таҳлили умумии пешоб, глюкоза дар хун (ношто), мочевина, креатинин, калий, натрий, вақти протромбин (РТ), вақти рекалсификатсияи плазмаи хун (РТТ), холестерин дар хун (ношто), фаъолнокии АСТ, фаъолнокии АЛТ, гепатит В, гепатит С, муайян намудани вируси масъунияти бадан (ВИЧ), муайян намудани хун барои RW.

ФОТО

 

ВИДЕО