БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Сомӣ Алдубунӣ: «Мо мехоҳем Бемористони Ибни Сино маркази бузурги илмӣ-тадқиқотӣ гардад

  04-05-2013 Бемористони байналмилалии  Ибни Сино фаъолияти худро  моҳи сентябри соли  2009 оғоз намудааст. Дар тӯли беш аз се соли фаъолият, бемористон худро ҳамчун  маркази тиббие, ки    дар он  ҷо   ёрии  тиббии олидараҷаи касбӣ расонида мешавад, муаррифӣ намуд. Бояд гуфт, ки  дар ин ҷо на фақат духтурони тоҷик, балки  мутахассисони маъруфи дигар кишварҳо низ хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

 

Масалан, пизишки варзидаи хадамоти  бемориҳои дилу раг, мутахассиси   эронӣ, профессор Сомӣ Алдубунӣ  буда, маҳз ба туфайли вай бори аввал дар  Тоҷикистон ангиопластика, каортатсияи   аортаву  рагҳои калон,  рагҳои асосӣ ва  канорӣ, ҳамчунин  тавассути оклюдер пӯшидани иллати дил гузаронида шудааст. Имрӯз маҳз ин табиби ҳозиқ ба чанд суоли мо ҷавоб гуфтааст:

- Ҷаноби Алдубунӣ, дар айни замон шумо сарварии  яке аз  қисматҳои калонтарини  Бемористони Ибни Сино - шӯъбаи кардиохирургияро  ба ӯҳда доред.  Ин фаъолият чӣ тавр сурат мегирад?

-Медонед, ман дар ифтитоҳи чандин бемористон дар кишварҳои зиёди олам  иштирок кардам. Вақте ки маро  барои ифтитоҳи боз як бемористон, ин дафъа  дар Тоҷикистон даъват карданд, бо хурсандӣ розӣ шудам.Ҳангоме, ки ба ин кишвар ҳозир шудам, дидам, ки  дар ин ҷо   дар  соҳаи пешгириву табобати бемориҳои дилу раг   домани фаъолият фаррох аст.

Маълум гардид, ки бисёре аз  соҳаҳои илми тиб истифода намешаванд ва дастраси   аҳолӣ набудаанд.

Баъд аз оғози фаъолияти Бемористони Ибни Сино маълум гардид, ки ин бемористон метавонад муассисаи тиббии замонавӣ ва  тарбиятгоҳи духтурони насли нав шавад ва  онҳо минбаъд бо равнаки илми тибби тоҷик мусоидат кунанд. Ана ҳамин хел фикру ақидаҳо маро водор сохтанд, ки   ин ҷо барои фаъолият бимонам.

-Шумо фаъолияти хешро аз чӣ оғоз кардед?

-Аз омӯзиш додани дастгоҳҳое, ки ин ҷо насб шуданд ва хеле хурсанд ҳам шудам, ки ин бемористон  бо технологияҳои нав таҷҳизонида шудаанд ва    маълум гардид, муассисони ин бемористон   маблағи зиёд  сармоягузорӣ намудаанд.

Дар ҳақиқат, таҷҳизот асоси ҳамаи бемористонҳои насли нав аст. Пас аз ин  барои мураттаб сохтани  гурӯҳи мутахассисон оғоз намудем, маълум аст, ки бе онҳо ягон дастгоҳ ба кор намедарояд. Гурӯҳ   аз духтурони Эрону дигар кишварҳо, ҳамчунин   мутахассисони ҷавон аз  Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ана ҳамин тариқ ба кор шурӯъ намудем. Дар аввал мушкилиҳо пеш омаданд,ҳар кадомеро бояд бо макони зист ва шароитҳои кор таъмин мекардем. Ва мо бо сарбаландӣ аз ӯҳдаи ин корҳо баромадем ва дар айни замон тамоми фаъолият, амалиётҳои ҷарроҳӣ мувофиқи  нақша ҷараён мегиранд.

-Бигӯед, ки он ҷарроҳиҳое, ки ин ҷо сурат мегиранд, аз  оне, ки дар мамолики дигар, аз ҷумла Эрон ва ё кишварҳои Аврупо  гузаронида мешаванд, фарқияте доранд?

-Комилан фарқ надоранд. Шояд фарқе дар шакл ва ё вазнинии беморӣ бошаду халос. Чунки  дар тафовут аз кишварҳои мутараққӣ, дар Тоҷикистон маризон ба бемориҳое гирифторанд, ки дар он кишварҳо дар сатҳи аввали пайдоиш ошкор ва муолиҷа карда мешаванд.

Дар шароити кишвари шумо бошад, маризон бемориро  аз ҳад гузаронида сипас дар ҳолати вазнин ба духтурон муроҷиат менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда,   гузаронидани ин гуна амалиётҳои ҷарроҳиро ба зимма мегирем ва нишондиҳандаҳоямон ҳам хубанд.

Ман    фахр менамоям, ки бароям муяссар шудааст, ки дар ин  бемористон бо усули малоинвазивӣ амалиёти ҷарроҳии    дилро анчом дихам, ки то ин дам дар Тоҷикистон гузаронида нашуда буд.

Аз ҷумла, ангиопластикаи аорта ва рагҳои калону хурди  дил, бартараф кардани камбудиҳои девораи даҳлези дил аз қабили ҳамин гуна ҷарроҳиҳо мебошанд.

Ба ғайр аз ин,  мо дар таҷрибаҳоямон истифодаи усули реваскуляризатсияи (барқароркунии гузаронандагии рагҳои хунгард) дилро ба роҳ мондем. Ин имконият медиҳад, ки бо роҳи истифодаи ангиопластикаи балонӣ ва ҷойгиркунии стентҳо беморони зиёди гирифтори маризии ишимии қалб аз марг раҳо дода шаванд. Метавонам бо боварии  пурра гӯям, ки 90%   ҷарроҳиҳое, ки   пештар  бемор барои гузаронидани он ба  Олмон, Эрон,Русия ва дигар кишварҳо мерафт, акнун дар бемористони мо низ иҷро мешаванд. Имрӯзҳо гузаронидани ин ҷарроҳиҳо барои мо ягон кашфиёти нав набуда, кори ҳамарузаамон ба шумор меравад.

-Кардиоҷарроҳии  интервентсионӣ чӣ маъно дорад?

-Ҷарроҳии интервенсионӣ – ин ҷарроҳиест, ки бидуни истифодаи теғи ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Яъне ҳамаи  амалҳои ҷарроҳии  анъанавӣ бе буриши  бофтаву узвҳои дохили организм ба субот расонида мешаванд. Ба ғайр аз ин, бисёре аз ин хел  ҷарроҳиҳо  бе истифодаи наркоз  ва ё истифодаи анестезияи (карахткунии )ҷузъӣ гузаронида мешаванд.

Ба ин мисол шуда метавонанд, ҷарроҳиҳои эндоскопӣ, эндоваскулярӣ ва дахолатҳо тавассути пӯст, ки бо назорати рентгенӣ ва ултрасадоӣ ҷараён мегиранд.

Барои ҳамаи онҳо истифодаи дастрасии ҷарроҳии нуқташакл ва ё сӯрохиҳои табии бадани одам, ҳамчунин воситаҳои визуалӣ, ки имконияти аз дур идора кардани васоити ҷарроҳиро имконият медиҳанд,   маъмул мебошанд. Истифода бурдан аз асбобҳои хурдҳаҷм ва технологияҳои олӣниз хусусиятҳои фарқкунандаи ин равияи замонавии илми тиб ба шумор мераванд. 

-Пеш аз оғози фаъолияти бемористон чӣ нақшаҳо кашида будед ва кадоме аз онҳо имруз ҷомаи  амал пӯшиданд?

-Хурсандиовар аст, ки қариб ҳамаи мақсадҳое, ки  он вақтназди худ гузошта будем, амалӣ шуданд. Фарогирии духтурони кишварҳои дигар бо кор дар бемористон  ба низом дароварда шуд. Дар мувофиқат бо ин, тамоми шаклҳои амалҳои ҷарроҳӣ мураттаб гардонида шуданд. Чорабиниҳои ба назар гирифташуда хамагӣ иҷро шуданд. Масалан, мо усули суғуртакунии беморонро ҷорӣ намудем. Суғуртаи барои як сол ба маблағи муайян пардохшуда ба беморон имконият медиҳад, ки  дар  Бемористони Ибни Сино табобат бигиранд. Ҳамчунин лаборатория кушодем,ки дар он ҷо тамоми озмошхо гузаронида мешаванд.

-Ин нақшаҳо иҷро шуданд. Дар оянда боз чӣ нақшаҳоро амалӣ карданиед?

-Нақшаи дар пеш истода-ифтитоҳи боз чанд шӯъба дар бемористон мебошад. Дар айни замон, фаъолияти беморхона асосан  ба табобати гирифторони бемориҳои дилураг, урологӣ, бемориҳои занона, бемориҳои натиҷаи     зарбу лат, сутунмӯҳра равона шудааст. Албатта, дигар ҷарроҳиҳо ҳам гузаронида мешаванд, вале на ба миқдоре, ки дар ин соҳаҳо. Бинобар ин мо мехоҳем, фаъолияти шӯъбаҳои бемориҳои   чашм, гӯшу гулӯву бинӣ, дандонпизишкии кӯдакона, узвҳои ҳозима ва диализ ва ғайраро  ба роҳ монем.  Ба фикрам, баъди ҳамин бемористони моро  метавон бемористони серҷабҳаи байналхалқӣ номид, ки дорои ҳамаи хадамотҳои зарурӣ хоҳад буд. Нақшаҳои дигар ҳам ҳаст. Мехоҳем дар оянда донишгоҳи тиббӣ кушоем. Дар ин бобат гуфтушунидҳои пешакӣ баргузор гардидаанд. Агар ин мақсади мо амалӣ гардад, мо метавонем дар баробари ташхис ва табобат, боз омӯзиши  мутахассисонро низ ба роҳ монем. Дар он ҳолат бо боварии том метавонем гӯем, ки Бемористони Ибни Сино ба маркази бузурги  илмӣ-тадқиқотӣ мубаддал хоҳад гашт.

-Барои сӯҳбат ташаккур.  Шумо барои хонандагони мо чӣ таманноҳо доред?

-Пеш аз ҳама саломатӣ, барору комёбӣ. Аз шумо, ҳамчун рӯзноманигор  як хоҳиш дорам.  Бинобар нишондиҳандаҳо, ҳар сол дар Тоҷикистон 7-8 ҳазор ҳодисаи сактаи қалб ба кайд гирифта мешавад ва мутаассифона, 20 % оқибатҳои марговар доранд. Барои паст кардани ин нишондиҳандаҳо хадамоти  шабакавии «7-7-24»  зарур аст, ки он 24 соат дар шабонарӯз дар давоми 7 рӯз кор мекунад. Дар ин хадамот ангиография бо мақсади ташхиси  беиштибоҳи бемории қалб истифода мешавад. Аз шумо хоҳиш ин аст, ки  ин маълумотро  паҳн кунед, то  одамон донанд, ки  чунин хадамот дар Бемористони Ибни сино мавҷуд аст ва дар дақиқаҳои аввал ва барои муолиҷа муҳими  сар задании сактаи дил  ба он ҷо муроҷиат намоянд. Ташаккур!

ФОТО

 

ВИДЕО