БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Танҳо дар Бемористони Ибни Сино

  07-05-2013 Дар Бемористони Ибни Сино  ҳафтаи  гузашта бо ширкати нейрохирурги эронӣ Бахтиёри Аббос амале  анҷом дода шуд, ки танҳо дар шароити Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешавад.

Ин бемор баъди хомилагӣ бемориаш хурӯҷ ёфта, як соли охир аз ноустувории мӯҳраҳои сутунмӯҳра азият мекашид  ва таи ду моҳи охир аз роҳравӣ боз монда буд. Ташхис дар бемор гемангиомаи мӯҳраҳои қисми қафаси синаи сутунмӯҳраро муайян намуд. Тавре табибон иброз медоранд, омили асосии  ин беморӣ омоси хунини мӯҳраҳо мебошад, ки дар натиҷа ба ноустувории мӯҳраҳо оварда мерасонад.

Бемор дар Бемористони Ибни Сино таҳти амали ҷарроҳӣ бо гузоштани лавхаи CD дар мӯҳраҳои қисми қафаси сутунмӯҳра қарор гирифт. Амали ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфта, ҳолати умумии бемор хуб мебошад.

ФОТО

 

ВИДЕО