БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи маъруфи эронӣ, Сайид Хабибуллох Мӯсавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ намуд

 03-06-2013 Қабули беморон аз ҷониби ин мутахассис аз субҳи имрӯз  03, 06, 2013 оғоз ёфта то охири ҳафта идома меёбад. Доктор Мӯсавибаҳор  аз соли 1999 фаъолияти хешро ҳамчун уролог-эндоуролог оғоз намудааст.

Беш аз 5 ҳазор амали PCNL, 6 ҳазор амали TUL, 3 ҳазор амали TURp, ва садҳо ҷарроҳиҳои дигар аз тариқи маҷрои пешобро ба монанди гирифтани омосҳои масона, тангшавии маҷрои пешобрав, инчунин ҷарроҳиҳои кӯдаконаи аз 4 моҳа то калонсолони 80 соларо  анҷом додаст.

Таҷрибаи беш аз сад амали лапроскопӣ, барои гирифтани гурдаҳои пажмурда, ғадудҳои болои гурда ва дигар ҷарроҳиҳоро дорад.

Ҳамчунин ҷарроҳиҳои бози хурд, миёна ва калони кушодаро бомаҳорати баланд анҷом медиҳад.

ФОТО

 

ВИДЕО