БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Таваҷҷӯҳ ба мо бештар мегардад

 11-06-2013 Ҳафтаи сипаришуда бо ширкати мутахассиси варзидаи эронӣ профессор-эндоуролог, доктор Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино амалҳои зиёди ҷарроҳӣ анҷом дода шуданд.

Дар қатори  инҳо амали систопластикӣ дар беморе анҷом дода шуд, ки 7 ҳафт сол боз мубталои бемории масонаи нейрогенӣ буда,

бар асари ин беморӣ гирифтори микросисти шадид гардидааст. Яъне масонаи бемор хеле хурд шуда, гунҷоиши он ба 40 мл баробар шудааст, ҳол он ин нишондод хоси кӯдакон ва тифлони навзод буда, дар шахсони калонсол бояд ғунҷоиши масона ба 400 мл баробар бошад. Пас аз ташхису муоинаи зарурӣ дар бемор амали систопластика бомуваффақият анҷом дода шуд.

систопластика - ин намуди ҷарроҳие мебошад, ки дар он хачми масона бо истифода аз порчаи рӯдаи бемор васеъ карда мешавад ва хамзамон хассосияти масона бартараф карда мешавад. Яъне як қисми порчае,ки аз рӯдаи бемор гирифта мешавад ба масона илова шуда, ҳамин тавр масона васеътар карда мешавад ва дар шакли муқаррарӣ кор мекунад.

 

ФОТО

 

ВИДЕО