БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино хизматрасониҳои навро пешкаши сокинон мегардонад

  14-06-2013 То ин замон дар бахши ҷарроҳии пластикии Бемористони Ибни Сино амалҳои зиёди ҷарроҳӣ анҷом дода шуданд, ки бештари онҳоро амалҳои ринопластика ва септопластика ташкил медиҳад. Ин намудҳои ҷарроҳӣ аслан барои тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ,

бартараф кардани деформатсияҳо ва каҷии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ нигаронида шуда, дар ин зимн одатан ин норасогиҳо ба нафаскашӣ низ хала монеа эчод мекунанд. Ҳамзамон тавассути ин амал қисмате, ки ба зебоии намуди инсон халал ворид мекунад, бартараф карда мешавад.

Яке аз амалҳои ҷолиби дигаре, ки дар ин бахш роҳандозӣ шуд, амали ҷарроҳии пластикӣ дар духтарчаи 13 солае буд, ки қаблан дар 9 моҳагиаш ҷарроҳии гурда шудааст. Дар натиҷа паи он ҷарроҳӣ то имрӯз ба бадани ӯ дар шакли чуқурие боқӣ монда буд, ки ба ҳусни ӯ халали сахт мерасонд ва монеи ҳаракати озод мешуд. Пизишкони бахши ҷарроҳии пластикии бемористон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки ин норасоиро аз бадани ин духтар бартараф намоянд.

Ҳамчунин дар бемори дигари 27 солае, ки дар рухсораҳояш паи теғ ва чуқуриҳои зиёде вуҷуд доштанду ҳангоми хандидан ва лаҳзаҳои дигар рухсораи ӯро безеб менамуданд, чунин амали ҷарроҳи анҷом дода шуд ва дар зарфи як соат ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт.

ФОТО

 

ВИДЕО