БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ба саломатии худу ҷомеа бетараф набошем!

Дӯстони азиз!
Ҳар рӯз чандин нафар аз муштариён ба маъмурияти Бемористони Ибни Сино барои тахфиф ва имтиёз ҷиҳати ироаи хидмати тиббӣ муроҷиат мекунанд. Гарчанде, мо хоҳиши зиёд барои кӯмак дошта бошем ҳам на ҳама вақт чунин имконият дорем, зеро табобат лавозимоти масрафӣ ва доруҳои мухталиф талаб мекунад, ки ҳама воридотӣ ҳастанд. Факти дигар: аз 27 то 30 фоизи нархҳои моро молиёт ташкил медихад.


Бо назардошти ин далелҳо мо ширкати «Суғуртаи Миллӣ»-ро таъсис додем, ки ҳар кас худ ва аҳли хонаашро аз хароҷоти калони дармон раҳо кунад.
Суғурта шудани теъдоди лозим имкон медихад, ки мо ба имконоти Бемористони Ибни Сино бияфзоем, ва дар кулли манотики кишвар бахшҳои худро боз намоем, ки теъдоди бештари мардум аз хидмати шоистаи тиббӣ баҳравар шаванд.
Бо суғурта шудан дар ширкати Суғуртаи Миллӣ Шумо ҳам наздикони худро ғамхорӣ менамоед ва ҳам дар рушди соҳаи тиб саҳмгузор хоҳед буд, ки сармоягузории арзишмандест!
Ба саломатии худу ҷомеа бетараф набошем!

 

ФОТО

 

ВИДЕО