БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи маъруфи эронӣ-профессор Сиёвуш Фалоҳаткор дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ намуд

  Профессор Сиёвуш Фалоҳаткор мутахассиси машҳури эронист, ки дар бахши урологӣ шӯхрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ муаллифи ҷаҳонии амали Compelet supine PCNLмебошад, ин амал дар китоби Campbell, ки дар саросари ҷаҳон дастурамали ҳамаи урологон қарор гирифта, Campbell муаллифи ин китоб мебошад, маҳз бо номи ӯ дарҷ гардидааст.

 

Маъмулан амалҳои баста (эндоурологӣ)-ро анҷом медиҳад. Сангҳои калони гурдаро бо як дастгоҳи ҷадид хориҷ мекунад, ки ин амал низ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бо номи ӯ оварда мешавад. Равишҳои нави дармониро барои табобати простата ва  саратони масона амалӣ менамояд, ки бидуни хунрезӣ вале нисбат ба лазер арзонтар анҷом мегирад. Сангҳои калон ва гавазншакли гурда ва ҳолибро  низ бо амали баста анҷом медихад ва хориҷ мекунад. Эҳтиёҷмандон метавонанд, барои қабул ба назди ин мутахассис ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намоянд.   

 


 

ФОТО

 

ВИДЕО