БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино дар як бемор ду амали ҷарроҳӣ дар як рӯз бомуваффақият анҷом дода шуд

  11-07-2013   Ба Бемористони Ибни Сино зани 60-солае бо шикояти дардҳои қафаси сина муроҷиат намуд. Тавре маълум гардид, ин бемор солҳои тӯлонӣ гирифтори фишорбаландии шараёнӣ ва диабети қанд будааст. Зимни муоинаи пизишкон дар бемор аломатҳои неврологӣ, гирифтани забон ва ассиметрия ба мушоҳида мерасид.

 

Аз ҷониби табибон ҳамчунин дар ангиография муайян карда шуд, ки дар бемор тангии шараёнҳои дил ва ҳамчунин шараёнҳои мағзи сар ҷой дорад.

Пас аз машварат пизишкон ба хулосае омаданд, ки дар бемор аввал амали ангопластикаи шараёнҳои коротидӣ (мағзи сар) ва сипас амали ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ гузаронида шавад ва ин ду амал дар як рӯз бомуваффақият анҷом дода шуд, ки танҳо дар шароити Бемористони Ибни Сино имкон дорад.

Қобили зикр аст, ки Бемористони Ибни Сино бо ҷалби мутахассисони маъруфи хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба яке аз дармонгоҳи маъруфтарини минтақа табдил ёфтааст. Аксари амалҳои ҷарроҳие, ки дар ин бемористон анҷом дода мешавад, дар Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.

ФОТО

 

ВИДЕО

Директори генералӣ
Алӣ Саломат
ibnisino.tj

Тақвими рӯз

<< < Март 2251 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31