БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Доктор Сомӣ: Дармонҳои ҷадиди норасоии қалбӣ дар Бемористони Ибни Сино

  16-07-2013   Дар мавриде, ки дил дучори норасоӣ мешавад, сабаб одатан бемории рагҳои дил ё даричаҳо (клапанҳо) ва ё бемории мушаки дил аст. Вақте сабаби беморӣ иллатёбии рагҳои дил бошад, дармони рагҳо  бо усули ангиопластӣ ё ҷарроҳӣ анҷом мегирад.Дар мавриди иллатёбии даричаҳо низ дар сурати зарурат таъмири дарича ё ивази он сурат мегирад.

Дар ҳолате, ки бемории дил бо сабаби бемории мушаки дил ё миокард ба вуҷуд омада бошад,  кардиомиопатияи дилятасионӣ  дар мавриди пешрафта аз стимулятори сеҳуфрагӣ барои беҳбуди кори дил метавон истифода намуд. Ин равиш CRT - Cardiac Resynchronization Therapy  номида мешавад.  Дар ин равиш як электрод дар гӯшаи даҳлези рост, электроди  дуввум дар ғуллаи меъдаи рост ва электроди сеюм дар канори меъдачаи чап қарор мегирад. Таҳрики барномарезишудаи меъдачаҳо бо ҷалби ҳаракати ҳамоҳанг ё синхронӣ бо меъдачаҳо мешавад ва ба беҳбудии кори дил кӯмак мекунад. Ба бемороне, ки дучори норасоии мутавассит дар болои кори дил ҳастанд, ин дармон тавсия дода мешавад. Амалӣ намудани ин дармон (CRT)  ё дармони норасоии дил, ки бо стимулятори сеҳуфрагӣ анҷом мешавад, дар шароити Бемористони Ибни Сино имкон дорад.

Равиши дигари дармони норасоии дил- дармони норасоии даричаи митрал (даричае, ки байни даҳлез ва меъдачаи чап қарор дорад) мебошад.

Дар мавриди норасоии пешрафтаи кори мушаки дил мумкин аст, норасоии мӯътадил ба шадид табдил ёбад. Дар ин ҳолат одатан имкони ҷарроҳии кушода бо далели пурхатар будани ҷарроҳӣ мумкин нест. Дар норасоии даричаи митрал дар ин ҳолат аз қарор додани як мангина (клип) дар мулки клапани митрал бидуни ҷарроҳӣ истифода мешавад. Ахиран ба як бемори норасоии пешрафтаи дил дар Бемористони Ибни Сино пас аз муддатҳо дармон ба чунин равиши дармон тавсия дода шуд ва муқаддамоти лозима барои истифода аз ин дармон аллакай фароҳам оварда шудааст.

 

ФОТО

 

ВИДЕО