БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Чаро аз нӯшокиҳои спиртӣ бояд даст кашид?

  Коршиносони аврупоӣ дар ҳамбастагӣ бо олимони математика гузорише таҳия намудаанд, ки дар он бо такя ба далелҳои илмӣ аз меъёр зиёд истифодабарии нӯшокиҳои спиртиро хатари асосӣ ба саломатии инсон арзёбӣ намудаанд. Дар ин зимн замон ва андоза нақши муҳим мебозанд

 

Замон

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари кишварҳои Аврупо, ки тибқи қонунгузориҳои он кишвар ба истеъмол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ маҳдудият ҷорӣ карда шудааст, нишондихандаҳои омории шахсони майзада камтар гаштааст.

Аз ҳама муҳим маҳдудияти истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ҳангоми шабона арзёбӣ мегардад. Такъид карда мешавад, ки ҳар қадар муносибати мақомоти қудратӣ нисбати татбиқи амалии ин қонунгузориҳо сахттар бошад, нишондихандаҳо ҳамон қадар боло мераванд.

Андозаро бояд донист!

Дар айни замон ба ғайр аз Ташиклоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дигар ягон сохторе нисбати пешгирии ин масоил кор намебарад. Нӯшидан мумкин аст, аммо ҳар шахс бояд андозаро нигоҳ дорад. Ин андоза дар асоси таҳлилҳои оморӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ нишон дода мешавад. Тибқи он андозаи муқараргардида барои мардон на зиёда аз 168 г спирти тоза  ва барои занон то 112 г тавсия дода мешавад. Дар мавриди нӯшидани оби ҷав ё пиво низ ҳар шахс бояд донад, ки оби ҷав низ ба нӯшокиҳои спиртӣ дохил мешавад, масалан нӯшидани 2 литр оби ҷав аллакай зиёд мебошад.

Дар ҷадвали зер ин нишондиҳандаҳо чунин оварда мешавад:

Андозаи муқараршуда бо ҳисоби спирти тоза

 

барои мардон

 

барои занон

Андозаи муқараршуда

то 168 г

то 112 г

зарарнок

168-224 г

112-168 г

Ба саломатӣ таҳдидкунанда

224-392 г

168-280 г

Хатарнок!

зиёда аз 392 г

зиёда аз 280 г

Агар Шумо аҳамият дода бошед, зимни муроҷиат ба дилхоҳ бемористон ё маркази тиббӣ аз Шумо ҳатман дар бораи сигоркашӣ ё майнӯшӣ пурсон мешаванд, ки ин бесабаб нест. Зеро агар шумо майпараст й майзада бошед, пас шумо ба табобати бештаре ниёз пайдо мекунед.

Дар кишварҳои хориҷа табибон барои шахсоне, ки майзада ҳастанд, варақаи коршоямӣ намедиханд, то он замоне, ки ӯ худро муолиҷа накунад. Пас Шумо бояд худатон ба хулосае биёед!

Ҷадвали нишондихандаҳои спирти тоза дар таркиби нушокиҳои спиртӣ:

Арақ

дар 50 г

20 г спирт

Вино

дар 150г

18 г спирт

Оби ҷав (пиво)

дар як шишааш (500г)

25 г спирт

 

Ба таври дигар барои занон дар як ҳафта (!) танҳо 6 кадаҳи 50 г нӯшидани арақ тавсия дода мешаваду халос. Агар дигар нӯшокӣ мисол вино бошад 6 қадаҳи 150 г ва агар пиво бошад 4 шишаи 500 г.

Барои мардон 8 қадаҳи 50 г нӯшидани арақ дар як хафта (!),  9 қадаҳ вино, ё 6,5 шишаи оби ҷав тавсия дода мешавад. Аз ин зиёдаш аллакай ба саломатии Шумо зарар оварданаш мумкин аст.

Дар хотир дошта бошед, ки ин нишондиҳандаҳо дар тӯли ҳафта яъне 7 рӯз тавсия дода шудааст ва онро ба рӯзҳо тақсим бояд кард.

 

ФОТО

 

ВИДЕО