БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Алӣ Оҳаниён –имконоти Бемористони Ибни Сино бо марказҳои илмии Эрон баробар аст

  27-07-2013 Алӣ Оҳаниён –эндоурологи эронӣ, ки таи як ҳафтаи охир дар Бемористони Ибни Сино ба муоина ва табобати беморон машгул буд, мегӯяд: «Бемористони Ибни Сино ба талаботи имрӯзаи замони муосир ҷавобгӯ аст!». Тавре , ки ӯ зикр намуд: «Ман қабл фикр намекардам, ки дар кишвари шумо тиб чунин рушд карда бошад.

Вақте ман аз Бемористони Ибни Сино дидан намудам, ҳамаи лавозимоти муосир дар он ҷо барои анҷом додани равишҳои нави табобат муҳайё буд. Бояд ба ташкилотчиёни чунин амали хайр сипосмандӣ намуд, зеро дар ҳақиқат бо бунёди чунин як даргоҳи тиббии муосир кори некеро анҷом додаанд».

Дар ҳамин ҳол, иқдомоти Бемористони Ибни Сино дар воридоти таҷҳизоти муосир ва ифтитоҳи бахшҳои нав беназир аст. Чанде, қабл бахши гемодиалез дар бемористон фаъол гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бахши томографияи компютерӣ низ фаъол бигардад, ки бо нархҳои нисбатан арзонтар мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

ФОТО

 

ВИДЕО