БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино бахши томографияи компютерӣ ба фаъолият оғоз кард

  09-08-2013 Томографияи компютерӣ усули нави муоинаи тиббӣ мебошад, ки барои муайян намудани хурдтарин ҷузъиёти узвҳои дохилӣ ва сохту таркиби он тавассути нурҳои рентгенӣ истифода бурда мешавад.

Дар ҷараёни он бемор ба кати махсуси ба сканери томография насб карда шуда, ки дастгоњи калонхачм буда, намуди доираро дорад, хобонида мешавад.

Бо тоб хўрдани худ сканер аз худ нурҳои рентгенӣ хориҷ мекунад, ки аз бадани бемор гузар мекунад. Ҳар як гардиш камтар аз як сония вақтро фаро мегирад ва дар экрани компютер бошад, шакли буридашудаи узви таҳқиқшаванда пайдо мешавад.

Барои он ки акс боз ҳам равшантару аниқ бошад, дар томографияи компютерӣ одатан аз воситаҳои контрастӣ истифода мебаранд. Он барои муоина ва муайян намудани омос (опухоль) ва дигар бемориҳо истифода бурда мешавад.

Дар ин ҳолат он ба раги варид (вена) дохил карда мешавад , дар ҳолатҳои дигар бемор бояд онро бинӯшад. Сипас пеш ва баъд аз муоина аз он аксбардорӣ карда мешавад.

Томографияи компютерӣ аслан барои муоинаи ҳама намуди бемориҳо ва ё узвҳо истифода бурда мешавад: қафаси сина, устухонҳои кос, маҳватаи шикам (брюшной полости), дасту пой, гурда, рӯда, ҷигар, масона, дил, шуш, рагҳои хунгузар, устухонҳо ва сутунмӯҳра аз хамин қабил мебошанд.

ФОТО

 

ВИДЕО