БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино бештар аз методҳои ҳадди ақали таҳоҷумӣ (minimal invasive) истифода бурда мешавад.

  10-08-2013 Бемористони Ибни Сино методҳои ҳадди ақали таҳоҷуми (minimal invasive)-ро бештар истифода мекунад, ки барои бемор хеле муфиданд. Ин методҳо дар аксари бахшҳои бемористон: кардиология, урология, гинекология, нейрохирургия, ортопедия ва ғайра истифода мешаванд. 


Асли маънии ин методҳо дар он аст, ки бо истифода аз таҷҳизот ва технологияи навтарин ворид шудан ба бадани инсон аз маҷроҳои табиӣ ё аз хурдтарин сӯрох дар пӯст ба амал меояд ва тамоми процесс видео-рентген контрол мешавад.
Нуқтаи муҳим ин аст, ки ин методҳо фақат дар ҳолоте бехатар ҳастанд, ки мутахассис воқеан таҳсилдида ва таҷрибадор бошад! 
Мутахассисоне, ки дар Бемористони Ибни Сино ба табобат машғуланд, ҳар кадом дар бахши худ ҳирфаӣ буда, натиҷаҳои хуб доранд. 
Дар акси ҳол ин аъмол баръакс хатарноктарин хоҳанд буд,  ки мутаасифона намунаашро ҳар рӯз шоҳидем.

ФОТО

 

ВИДЕО