БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хизматрасониҳои тиббии Бемористони Ибни Сино дастраси ҳама мегардад

23-10-2013  Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» барномаи наву дастрасеро пешкаши кулли сокинони кишвар гардонидасст, ки тибқи он акнун сокинони кишвар имкон доранд бо пардохти ҳамагӣ 100 сомонӣ соҳиби полиси суғуртавӣ гардида, дар давоми як сол

аз хизматрасониҳои тиббӣ дар  муосиртарин бемористони кишвар –Бемористони Ибни Сино дар ҳаҷми то 800 сомонӣ баҳравар шаванд.

Хизматрасониҳои тиббие, ки ба ин барнома шомиланд:

-мушовараи мутахассис+ЭКГ;

-УЗИ (ҳамаи узвҳо);

-пардохти ҷарроҳӣ бо тавсияи мутахассиси бемористон;

-дар мавриди расонидани ёрии амбулаторӣ танҳо хизматрасонии кормандони бемористон ворид карда мешавад (доруворӣ дохил намешавад);

-додани варақаи корношоямӣ, маълумотномаи тиббӣ.

То кунун 2 барномаи суғурта аз ҷониби ин ташкилот пешниҳоди сокинон гардида буд, ки ҳаққи суғурта дар онҳо 500 сомонӣ дар мавриди барномаи 1 бо пӯшиши 5 000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ дар мавриди барномаи 2 бо пӯшиши 12 000 сомониро ташкил медод. Акнун бо манзури мусоидати иҷтимоӣ дар барномаи нав ҳаққи суғурта 100 сомонӣ буда пӯшиши он 800 арзёбӣ мегардад.

ФОТО

 

ВИДЕО