БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Қабули беморон аз ҷониби эндоурологи маъруфи эронӣ Меҳробӣ Сосон дар Бемористони Ибни Сино то панҷшанбеи 31 октябр идома меёбад

   29-10-2013 Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб аст. Қабули беморон аз ҷониби ин мутахассис аз 24-уми октябр оғоз гардида, то рӯзи панҷшанбе идома хоҳад ёфт.

 Дар ин муддат аллакай беморони зиёде  барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида дар Бемористони Ибни Сино (ш.Душанбе) ва бахши минтақавии он дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.  Меҳробӣ Сосон яке аз мутахассисони варзида ва маъруфи иронӣ буда , собиқаи кории бисёрсола дорад, аз ҷумла зиёда аз 1000 амали PCNL (амали сангшикании тарики пӯстӣ)-ро бо сифати баланд анҷом додааст. Ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешобро бо сифати баланд анҷом медихад ва ҳамчун мутаххасиси беназир маҳсуб меёбад.

ФОТО

 

ВИДЕО