БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Сигмотсистопластика

  04-11-2013 Ба Бемористони Ибни Сино бемори 55 солае аз вилояти Суғд бо шикояти зиёд дошта натавонистани пешоб муроҷиат намуд. Тибқи гуфтаҳои ӯ таи чанд муддат аст, ки аз дарде дар мавзеи пешобдон ва дар зарфи ҳар 15 дақиқа аз пешобкунӣ азият мекашад. Маълум гардид, ки бемор тӯли 10 моҳи охир пас аз амали аденомэктомия, ки дар маҳалли зисташ

анҷом додааст, аз ин шикоятҳо азият мекашад. Ғайр аз ин номбурда мубталои бемории канд ва фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Пас аз пурра омӯхтани дарди бемор муайян шуд, ки масонаи бемор  ҳатто аз ғунҷоиши тифли навзод, ки 30-40 мл –ро ташкил медиҳад, хурд шуда ғунҷоишаш ба 20 мл баробар шудааст. Баъди омодагии ҳамаҷониба ба бемор амали сигмотсистопластика анҷом дода шуда, дар рафти он порчае аз рӯдаи бемор бурида гирифта ба масона часпонида шуд. Ҳамин тавр мушкилоти мавҷуда пурра бартараф гардида ғунҷоиши масонаи бемор ба 600 мл баробар шуд.

ФОТО

 

ВИДЕО