БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Иваз кардани буғумҳои зону ва косу рон дигар мушкилие надорад

  11-11-2013 Мушкил аст, вақте ки инсон аз ҳаракат кардан боз мемонад ва ба ёрии каси дигаре мӯҳтоҷ мешавад. Аммо тибби муосир имрӯз имконият дорад, ки ба дарди чунин ашхос низ дармон бахшад. Роҳ рафтан барои онҳое, ки чанд муддат аз ҳаракат  монда буданд,

он қадар хурсандие меорад, ки он хадду канор надорад. Инро пеш аз ҳама табибони шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино дарк мекунанд. Айни ҳол муштариёни зиёде ба ин шӯъба барои иваз кардани буғумҳои косу рон ва зону муроҷиат менамоянд. Табибони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо хамтоёни эронии худ зимни анҷоми чунин амалҳо аз муосиртарин методҳо кор мегиранд, ки барои бенуқс  мондани узви осбедида мусоидат мекунад ва бемор низ оҳиста –оҳиста ба холати пешинааш бармегардад. Ин амалҳо қабл аз ҳама  бо усулҳои навтарин ва бо ширкати маъруфтарин табибони эронӣ анҷом дода мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО