БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Мехоҳед «Оилаи хушбахт» дошта бошед?

  29-11-2013Ширкати «Суғуртаи миллӣ» барномаи нави хешро арномаи «Оилаи хушбахт») пешкаши шаҳрвандон гардонидааст. Ин барнома имкон медиҳад, ки  шахсони суғурташудаи  иборат аз 2 ва ё  бештар узви як  оила  бо

пардохти  450 сомонӣ  барои ҳар нафар  бо пўшиши суғуртавии 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ аз хидматрасониҳои муосиртарин бемористони кишвар -Бемористони Ибни Сино истифода баранд  ва  саломатии худро ҳифз намоянд.   

Қобили зикр аст, ки ба ҳар узви оила ба таври ҷудогона полиси суғурта дода мешавад ва дар сурате, ки маблағи хидматҳои расонидашуда ба яке аз аъзои суғурташудаи оила бештар аз маблағи пӯшиши суғуртавии ӯ бошад, як ё ду  аъзои суғурташудаи оила метавонанд аз маблағи пўшиши суғуртавии худ 1000 сомонӣ ба  ў бидиҳанд, ба шарте ки то ин вақт полиси суғуртаи онҳо истифода нашуда бошад. Дар ин сурат  аъзои дигари суғурташудаи оила дар ин хусус бояд ба таври хаттӣ ба муассисаи суғурта муроҷиат намоянд. http://sugurta.tj/tg/barnomaho/145-barnomai-oilai-khushbakht.html

ФОТО

 

ВИДЕО