БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар кадом ҳолат иваз кардани буғумҳои кос зарур шуморида мешавад?

  06-12-2013 Иваз намудани буғумҳои косу рон ҳангоми осеб бардоштани тағояки пой, дар ҳолате ки қисмати болоии суфтаи он хӯрда мешавад, ба миён меояд. Дар чунин ҳолат бемор ҳангоми ҳаракат намудан дар ин қисми бадан дарди шадид ва норохатеро  ҳис мекунад, ки ба хаму рост шуданаш монеъ мешавад. Дар натиҷа бемор аз роҳгардӣ  боз мемонад ва мустақилона  аз ҷой хестан ё бо зинапоя роҳ гашта натавониста бистарӣ мешавад.

 

Агар дар чунин ҳолат дигар усулҳои табобатӣ ба дарди шумо кумак карда натавонад, иваз намудани буғуми рон ягона роҳи ҳалли ин мушкилот ба ҳисоб меравад..

Буғумҳои кос аз ду устухон иборатанд, ки қисми аввалашон ба ҳамдигар ба тарзи махсусе насб карда шудаанд, ки қисми аввали якеи он дар дохили дигарӣ ба мисли ҳалқа тоб мехурад. Қисмати  болоии он  бо қабати махсусе пӯшонида шудааст, ки барои бемамоният тоб хӯрдан ва ҳаракат кардан мусоидат мекунад ва    ба ҳама вазни инсон тобовар аст.

Дар шӯъбаи ортопедии Бемористони Ибни Сино-пизишкони эронӣ бо ҳамтоёни тоҷик аслан дар чунин маврид ба бемор эндопротез (буғуми сунъӣ) мегузоранд. Ин тарзи табобат бо истифода аз усулҳои нави  дармонӣ сурат гирифта, дар хама марказҳои тиббии муосир аз он кор мегиранд.

Ҷарроҳии иваз кардани буғуми кос

Ҷарроҳии иваз кардани буғуми косу рон ин амале мебошад, ки зимни он сараки буғум ва ҳуққаи буғуми кос бо эндопротези сунъӣ иваз карда мешавад.Ҷарроҳ маҳсулот ва андозаи буғумро мутобиқ ба буғуми ивазмешуда  интихоб менамояд. Ҷарроҳӣ дар ду марҳила гузаронида мешавад. Аввал ҳуққаи буғум омода карда мешавад. Ҷарроҳ буғум ва устухони  осебдидаро аз бадани бемор дур мекунад ва ҷои онро аз нав тозаву хушк мегардонад. Марҳилаи дуввуми ҷарроҳӣ ин омода намудани устухон мебошад, ки зимни он ҷарроҳ сараки устухони ронро мегирад ва дар устухон ковокӣ месозад. Баъд аз он ки ҷои сарак , яъне ҳуққа (впадина) тозаву хушк карда мешавад, сипас сарак дар қисми болоии буғуми косу рон мустаҳкам карда мешавад. ин амал ду навъ анҷом дода мешавад: бо семент ва бидуни семент. Дар ин холат имплантат дар ковокии сараки устухон мустаҳкам ҷой дода мешавад. пас аз он ки имплантатҳо гузошта шуд, сарак ба ҳуққа мустаҳкам карда мешавад ва протези буғуми рон ҳолати устуворро мегирад.

Таносуби бомуваффақияти гузаштани амали ивази буғуми косу рон хело зиёд аст. Ингуна амалҳо ба бемор ҳаракатҳои озод ва роҳатро бармегардонад.

Давраи баркарорсозии саломатии бемор

Дар муддати ду моҳ баъд аз ҷарроҳӣ ба бемор тавсия дода мешавад, ки худро эҳтиёт намояд ва ба  миён  зӯр наоварад. Ин маънои онро  ндорад, ки ин муддат бемор бояд бо асобағал роҳ гардид. Баъд аз он ки бемор дигар дардро эҳсос намекунад, ва мустақилона роҳ гаштанам мумкин мегардад, ӯ бояд якчанд машқхоро бо тавсияи духтурон иҷро намояд. Ҳамин тавр давраи барқарарорсозӣ тақрибан 6 моҳро дар бар мегирад. 

ФОТО

 

ВИДЕО