БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино-даргоҳи наҷот аст!

Сокини пойтахт- Маҳбуба Ҳафизова ки ба наздикӣ фарзанди хешро дар Бемористони ибни Сино муолиҷа намудаст, Бемористони Ибни Синоро даргоҳи наҷот хондааст.

Тавре номбурда иброз намуд, фарзанди ӯ-Усмонҷон Ҳафизови 6-сола аз сабаби нуқсон доштани масонааш ба табобат ниёз пайдо кард. Аммо номбурда барои муолиҷа аввал ба яке аз бемористонҳои маҳаллӣ муроҷиат намуда, айни ҳол аз ин кори кардааш сахт пушаймон аст. Пас аз муоина духтурон ба ӯ тавсияи фавран ҷарроҳӣ намудани фарзандашро додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин фарзанди 6-сола бояд 5 маротиба зери мизи ҷарроҳӣ хоб мекард. 11 майи соли 2011 номбурда дар корпуси 9-уми беморхонаи Қараболо ҷарроҳӣ шуда, баъд аз як шаб ҳарораташ баланд шудан гирифт, мегӯяд модари Усмонҷон. То саҳар ҳарорати баланд ӯро ором нагузошт. Чунин ҳарорати баланд (41-42) идома дошт. 14 июн маротибаи дуввум Усмонҷон ҷарроҳӣ мешавад, аммо ин навбат низ натиҷаи ҷарроҳӣ қонеъкунанда набудааст. 

Ҳамин тавр баъд аз 5 маротиба ҷарроҳӣ намудани фарзандаш ( бо сарфи беш аз 12 ҳазор $)ва қонеъкунанда набудани натиҷаҳои он номбурда барои табобат ба Беморхонаи ибни Сино муроҷиат намуд. 

Дар зарфи як ҳафта баъд аз муолиҷаи мутахассисаони касбӣ ҳолати номбурда беҳ гардида, ҳоло ӯ комилан хешро солим ҳис мекунад ва дар ҳалқаи пайвандонаш аст

ФОТО

 

ВИДЕО