БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Маҳмудризо Сарзаим -ҷарроҳи дил душанбеи 16-уми декабр дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати беморони дил шурӯъ мекунад

  13-12-2013  Шурӯъ аз 16 декабри соли равон Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад. Бахши ҷарроҳии дили бемористон бо кўмаки ҷарроҳони моҳир аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва бо истифода аз ҳуҷраи ҷарроҳии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои пешрафта қавитарин бахши ҷарроҳии дили кушода дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки танҳо дар   соли 2012 бо ширкати ин мутахассис дар Бемористони Ибни Сино 6 амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал сурат гирифтааст.

 Аз ин номгӯй ҷарроҳии Гленн ва амали ҷарроҳии ивази даричаҳои дил ҳамзамон бо шунтгузории мама-коронарӣ ва аорто-коронарӣ нахустин бор дар Тоҷикистон дар Бемористони Ибни Сино  анҷом шуд ва то имрӯз низ ин ҷарроҳиро фақат дар Бемористони Ибни Сино ҷарроҳони тоҷику эронӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷониби Маҳмудризо Сарзаим бошад то имрӯз зиёда аз 3 500 амали ҷарроҳии дил бо муваффақият анҷом ёфтааст. Номбурда дар ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ дар дили коркардаистода (Of Pump), иваз ва тармими клапанҳои дил, ҷарроҳии рафъи нуқсонҳои модарзодии дил,

ҷарроҳӣ дар шоҳрагҳо, шоҳраги қафаси сина ва шоҳраги шикам, инчунин дар шараёнҳои коротидӣ, ҷарроҳихо дар дил бо усули эндоскопӣ ва видеоассистентсия  ҳамто надорад. Маҳмудризо Сарзаим ҳамчунин амали бартараф кардани шоҳраг бо усули гузоштани стентро низ дар сатҳи баланд анҷом медихад. Эҳтиёҷмандон метавонанд барои қабули ин мутахассис худро каблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО