Шаш амали стентгузорӣ дар шӯъбаи ангиография
Моҳи ноябр дар шӯъбаи ангиографияи Бемористони Ибни Сино 35 амалиёт анҷом дода шуд. Аз ин нишондод 21 амали ангиографияи шараёнҳои коронарӣ (CAD),
6 амали баррасии қисмҳои мухталифи қалб (вентрикулография (CATH)) , 2 амали ангиографияи шараёнҳои перифералй ва гурдаҳо (pripheral and renal angio) ва 6 амали гузоштани стент дар беморон: дар 1 бемор ангиопластикаи шараёнҳои периферол (PTA Pripher), дар 2 бемор ангиопластикаи шараёни гурда (PTA Renal) ва дар 3 бемор ангипластикаи шараёнҳои коронарй (PTCA) анҷом дода шудаанд. Ҳамаи амалҳо бомуваффақият ба анҷом расиданд.