БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бори нахуст дар Тоҷикистон: Табобати радикалии саратони масона дар Бемористони Ибни Сино!

 27-01-2014  Бемори 60-сола Б.И. ба Бемористони Ибни Сино бо шикояти пешоби хунолуд ва сӯзишнок муроҷиат намуд. Тавре маълум гардид ба хотири раҳоӣ аз ин дард ин бемор се маротиба қаблан дар бемористонҳои мухталифи кишвар ҷарроҳӣ шудааст. Ҳангоми муоина мушаххас шуд, ки бемор мубталои саратони масона буда, омоси бузурге, ки дар масонаи ӯ пайдо гардидааст,  аз сабаби шифо наёфтанаш аз ҳадди масона берун баромада,  бофтаҳои атрофи онро иҳота кардааст.

 

Ба бемор тавсия дода шуд, ки масона ба пуррагӣ гирифта шавад ва ба ҷои он табибон аз рӯдаи бемор масонаи нав сохтанд.

Пас аз омодагии ҳамаҷониба  дар давоми 6 соат дар ин бемор  амали систэктомия ва сохтани масонаи нав аз рӯда  (urinal diversion)  анҷом дода шуд. Дар айни ҳол ҳолати бемор хуб аст.

ФОТО

 

ВИДЕО