БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ширкати мутахассиси Бемористони Ибни Сино дар конфронcи байналмилалии LINK-2014 дар Олмон

  06-02-2014 Конфронси байналмилалии LINK-2014  -  конфронси ангиопластии (рагнигораи)  байналмилалиест, ки ҳамасола баргузор мегардад.

Ин навбат конфронси мазкур аз таърихи 28-ум то 31-юми январ дар Олмон баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро мутахассиси маъруфи  Бемористони Ибни Сино, кардиолог –интервенсионист доктор Сомии Алдубонї муаарифӣ намуд.

Тавре номбурда зикр намуд, дар ин конфронс ҳамасола дастовардњои навтарини  ангиопластика  ва гузоштани стент, бемориҳои рагҳои дил, рагҳои гурда, рагҳои хунгарди мағз, рагҳои хунгарди рон ва зери зону, дармони ҷадиди сиёҳрагҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамчунин навтарин пажӯҳишҳо ва мақолаҳои ба тозагӣ ба табъ расидаи муҳаққиқон, навтарин стентҳои бараҳна ва пӯшида, стентҳои доругӣ, баллонҳои доругии нав ихтироъшуда, катетерҳо, васоили берун кашидани лахтаҳо аз раг низ дар ин конфронс муаррифӣ карда шуданд.

 Намояндаи  Бемористони Ибни Сино зимни ширкат дар конфронс бо бузургтарин ширкатҳои урупоӣ ва байналмилалии тавлидкунандаи ин васоил дар мавриди дар ихтиёри Бемористони Ибни Сино гузоштани онњо, роҳандозии як қатор барномаҳо барои анҷоми пажӯҳишҳои муштарак, њамкориҳои Бемористони Ибни Сино бо бемористонҳои урупоӣ, бахусус кишвари Олмон ба мувофиқа расид.

ФОТО

 

ВИДЕО