БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Панҷшанбеи 27-уми феврал дар Бемористони Ибни Сино қабули навбатии ҷарроҳи дил - Маҳмудризо Сарзаим шурӯъ мегардад

  26-02-2014 Ба таваҷҷӯҳи онҳое, ки гирифтори бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар ҳастанд, мерасонем, ки дар Бемористони Ибни Сино аз 27 феврали  соли равон ҷарроҳи дил -Маҳмудризо Сарзаим  ба қабули беморони дил шуруъ менамояд. Онҳое, ки аз норасогии кори дил азият мекашанд ва ё гирифтори бемориҳои ишемикии дил ҳастанд, метавонанд ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намуда, худро қаблан барои қабул номнавис намоянд.

Дар Бемористони Ибни Сино чунин намуди бемориҳои дил табобат карда мешавад: бемории фишорбаландии шараёнӣ; бемориҳои  ишемикии дил, инфаркти миокард, стенокардия, норасоии шадид ва музмини қалбӣ, миокардитҳо, перакардитҳо ва эндокардитҳо, атеросклерози шараёнҳои коронарӣ ва периферӣ, аритмияҳо, нуқсонҳои дил, аневризмҳои шараёнҳои периферӣ ва аорта

ФОТО

 

ВИДЕО