БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Коронарография -усули боэътимод барои муайян кардани бемориҳои ишемикии дил

  04-03-2014 Коронарография – усули аз ҳама боэътимод барои кардиолог-мутахассисони дил  мебошад. Танҳо бад ин васила зарурати анҷоми дигар равишҳои  дармонӣ аз қабили ангиопластика, стентгузорӣ ва  насби дастгоҳи хунгардиши сунъӣ ба беморро метавон муайян кард. Ва коронарография ҳамчунин усули беҳтарин барои муайян кардани бемориҳои ишемикии дил мебошад.

 Коронарография чи тавр гузаронида мешавад:

Дар ин равиш найчаҳои бисёр тунук ё нозуки ба номи катотер тариқи  даст ё пой вориди рагҳои бадан шуда, катотерҳо ба самти дил роҳнамоӣ мешаванд. Ба василаи ин катотерҳо метавон сурати рагҳо,   қисматҳои мухталифи дилро бо равон сохтани як моддаи муғовим (контраст) дар баробари ашёи рентген аксбардорӣ намуд. Ин тасвирҳо  дар хотираи компютер сабт мегарданд. Дар ин тасвир ҳамчунин диаметри рагҳои хунгузар ва қисмате, ки дар он раг танг шудааст, намудор мегардад.

Тавассути ин амал ҳамчунин дар озмоишгоҳҳои электрофизиологӣ метавон ҷараёни электросетии (барқии) дилро баррасӣ намуд ва сабаби пайдошавии номуназзамии дилро пайдо кард.

Дар кадом ҳолат коронарография тавсия дода мешавад:

-ҳангоми мушоҳидаи нишонаҳои бемориҳои ишемикии дил;

-ҳангоми дарди қафаси сина.

-инфаркти миокард.

-пеш аз ҷарроҳии нуқсонҳои дил.

-ҳангоми кори номуназзами дил.

-ҳангоми ихтилоҷи рагҳои дил.

-ҳангоми оритмаҳои батнӣ (желудочно нарушениях ритма) ва ғайра

Тавсия барои анҷоми ин амал танҳо аз ҷониби духтури мутахассис дода мешавад. Қабл аз он бемор бояд озмоишҳои зерин:  муайян намудани хун барои RW, таҳлили умумии хун, гурӯҳи хун, гепатит В, гепатит С, муайян намудани вируси масъунияти бадан (Вич), ЭКГ, Эхо-КГ ва ғайраро гузарад. Дар ҳолатҳои дигар шояд аз ҷониби пизишк барои озмоишҳои дигар низ  тавсия дода шавад.

 Ба кори коронарография, ташхиси маъмулан камтар аз 30 дақиқа вақт сарф мешавад. Бемор беҳуш намешавад ва одатан хатари бисёр кам дорад.

Аммо барои анҷоми коронарография  ниёз ба вуҷуди васоил ва технологияҳои пешрафтаи замонавӣ ва гароннарх бештар аст, то суратбардорӣ аниқ ва дуруст анҷом дода шавад. Ҳамчунин пизишкони ин амалро анҷомдиҳандиҳанда бояд омӯзиши кофӣ ва таҷрибаи даркориро барои анҷоми ин амал дошта бошанд. Бемористони Ибни Сино бо фароҳам овардани охирин технологияҳои ангиографӣ ва озмоишгоҳҳои катотеристии замонавӣ ва пешрафта ва бо  ҷалби пизишкони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ бо истифода аз омузиш ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ имкони анҷоми ин равиши ташхисӣ ва табобатиро барои беморон фароҳам овардааст.

ФОТО

 

ВИДЕО