БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ангиопластикаи баллонии шараёнҳои коронарӣ

Бартарияти ангиопластикаи баллонӣ

Ҳангоми гузаронидани ангиопластикаи баллонӣ беҳискунии бемор тавассути наркоз  муҳим нест, ва бартариаш низ дар он аст, ки пизишк метавонад мустақиман аз ҳолати бемор назорат барад ва ё худ бемор аз тағирёбии вазъи саломатиаш ба пизишк хабар расонад. Ангиопластикаи баллонӣ худ алтернативаи шунтгузории аорто-коронарӣ маҳсуб меёбад, ки барои барқарор намудани гардиши хун дар раги тангшуда анҷом дода мешавад. (ҳамчун яке аз усулҳои дармони бемориҳои ишемикии дил). Усули маъмулии дармони ин беморӣ

(шунтгузории аорто-коронарӣ нисбатан мушкилтар аст, ки дар дили кушода анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат ба бемор дастгоҳи хунгардиши сунъӣ насб карда шуда, давраи барқарорсозии саломатӣ ва фаъолияти меҳнатии бемор муддати нисбатан тӯлониро дар бар мегирад.

Ангиопластикаи баллонӣ чӣ тавр анҷом дода мешавад:

  • ба рагҳои хунгард як сими махсуси роҳнамо бо бодкунаки кӯчак (баллон) , ки ба василаи моеъ пур мешавад,  тариқи  шараёнҳои даст ё пой ворид карда мешаванд.
  • ин сим ба қисмати тангии раг равона карда мешавад.
  • бодкунаки кӯчак (баллон), ки ба василаи моеъ пур мешавад, аз дохил боз карда мешавад ва зери фишори он қисмати тангшудаи раг низ  боз мегардад.
  • баъд аз анҷоми амал бемор ба ҳуҷраи махсус гузаронида мешавад.

Баъд аз гирифтани он сими махсуси ба ном катетер, бемор муддати як рӯз бистарӣ мегардад. Аммо баъд аз ду ва ё се рӯзи дигар ба ӯ натанҳо иҷозати роҳгардӣ дода мешавад, балки умуман бемор метавонад ба ҳаёти муқаррариаш баргардад.

Дар бисёре аз ҳолатҳо барои боз кардани тангӣ илова бар истифодаи баллон аз як маводи пружинашакли кӯчак, ки ба рӯи баллон қарор дорад, ё мустақиман дар маҳалли тангӣ озод мешавад, истифода мекунем. Ин пружинаҳо стент номида мешаванд. Стентҳо кӯмак мекунанд, то раг дар маҳалле, ки дармон шудааст, боз бимонад. Стентҳо низ  чанд гурӯҳ  ё намуд мешаванд. Муҳимтарини онҳо стентҳои бе дору ва ҳамчунин стентҳои доругист. Имрӯзҳо бо истифода аз стентҳо метавон тангии рагҳоро бомуваффақияти беш аз 95% дармон намуд.

ФОТО

 

ВИДЕО