БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи маъруфи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор аз рӯзи душанбе- 31-уми март дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ менамояд

  26-03-2014 Эндоурологи маъруфи эронӣ доктор  Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор , аз рӯзи душанбе- 31-уми март дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ менамояд. Доктор Мӯсавибаҳор мутаххасиси беназири ин соҳа  буда, бо ширкати ӯ дар Бемористони Ибни Сино   дармони ҳама намуди беморихои гурда ва роҳҳои пешоб, ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешоб  дар сатҳи  баланд анҷом дода мешаванд.

Номбурда дар анҷом додани амалҳои  PCNL ( сангшикании  зерипӯстӣ), TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона) низ ҳамто надорад. Эҳтиёҷмандон метавонанд, барои қабули ин мутахассиси варзида худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино  номнавис кунанд.

ФОТО

 

ВИДЕО